Як сарбози тоҷикро барои фирор аз артиш ду сол аз озодӣ маҳрум карданд

Акс аз бойгонӣ

Як сарбози тоҷикро барои фирор аз қисми ҳарбӣ ва талоши дуздӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки сарбоз Кароматулло Буракзода моҳи октябри соли гузашта ба хидмат даъват шуда буд. Ба иттилои расмӣ, вай рӯзи 8-уми ноябри соли гузашта маҳалли хидматро дар қисми ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ “худсарона тарк кардааст”. Назари ӯву наздиконаш ба қазия маълум нест. "Номбурда рӯзи 17-уми ноябр ба хонаи сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Рудакӣ ворид шуда, аз он ҷо баъзе ашё ва маблағро дуздида, аммо дар саҳни ҳавлӣ аз ҷониби соҳибхона ва ҳамсояҳо дастгир шудааст”, -- гуфтанд дар Додситонии кулли Тоҷикистон. Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе Буракзодаро ду сол аз озодӣ маҳрум кард, вале маълум нест, маҳкумшуда дар мурофиа чӣ гуфтааст.