Ваколати Рустам Акрамзода дар Маҷлиси Миллӣ қатъ шуд

Рустам Акрамзода, раиси пешини ноҳияи Рӯдакӣ

Маҷлсии миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон ваколатҳои Рустам Акрамзода, раиси собиқи ноҳияи Рӯдакиро дар ин маҷлис пеш аз мӯҳлат қатъ кард.

Нашрияи порлумонии“Садои мардум” хабар дод, ки рӯзи 16-уми апрел Шӯрои Маҷлиси миллӣ дар бораи қатъи узвияти Акрамзода ҳамчун узви ин маҷлис қарор қабул намуд.

Маҷлиси Миллӣ 33 узв дорад ва аъзои он дар панҷ сол якбор интихоб мешаванд. Аз интихоби Акрамзода ба узвияти ин Маҷлис як сол гузашта буд. Узви ин маҷлис аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ бархӯрдор аст ва дар сурати содир кардани ҷиноят танҳо пас аз қатъи ваколат нисбат ба ӯ парванда боз мекунанд.

Рустам Акрамзода моҳи ноябри соли 2020 пас аз панҷ рӯзи нашри таҳқиқоти Радиои Озодӣ дар бораи тақсими ноодилонаи замин дар ин ноҳия аз мақомаш барканор шуд.

Дар фармони барканории ӯ гуфта мешуд, ки “бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштан” аз мансаб барканор шудааст, вале бар асоси иттилои дарёфтӣ, ҳанӯз ӯ мақоми дигаре дарёфт накардааст.

Ӯ пас аз барканориаш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ иқрор шуд, ки маҳз нашри таҳқиқот боиси барканории ӯ шудааст.

Дар ин мақола чанд мисоле оварда шуд, ки шуморе аз сокинон бо роҳи шубҳанок ва осон соҳиби қитъаи замин барони бунёди манзили зист шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дарди "заминфурӯшӣ" давое ёфтааст? Таҳқиқи Радиои Озодӣ

Аз ҷумла, гап дар бораи хонум Ф.Д. мерафт, ки дар зарфи дуюним моҳ дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби замин шудааст, дар ҳоле ки садҳо нафари дигар солҳо боз дар навбат ҳастанд.

Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, Ф.Д. ҳамсари яке аз наздикони раиси ноҳияи Рӯдакӣ аст ва маҳз барои ҳамин хеле зуд ва бо нақзи муқаррарот соҳиби замин гашт.

Рустам Акрамзода робитаи хешутаборияшро бо Ф.Д. рад карда, дар шарҳи масъала ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "аз ҳолатҳое, ки дар мактуб омадааст, дар ҳайрат мондааст". Ва афзуд, "баъзан чизҳое мешавад, ки мо умуман бехабар мемонем".

Рустам Акрамзода, зодаи ноҳияи Данғара 52-сола аст ва дар гузашта дар мансабҳои муовини раиси ноҳияи Бохтар (ҳоло Кушониён) ва Ҷалолуддини Балхӣ кор кардааст. Аз соли 2017 то 2018 ноиби аввали раиси ноҳияи Рӯдакӣ низ буд ва баъдан раиси ин ноҳия таъин шуд.