Ба муҳоҷироне, ки ҳузурашон дар Русия ғайриқонунист, то 15 июн муҳлат доданд

Александр Горовой, муовини вазири умури дохилии Русия

Муовини вазири корҳои дохилии Русия аз намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) хост, масъалаи будубоши ғайриқонунии муҳоҷиронашонро дар ин кившар "ҳал кунанд".

Александр Горовой рӯзи 16-уми апрел, ҳангоми суханронӣ дар як ҷаласаи байнипорлумонии кишварҳои ИДМ, гуфт:

"Бисёре аз шаҳрвандони Шумо дар хоки кишвари мо ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Агар мувофиқи қарори президент ин шумораро то 15-уми июн кам накунем, онҳо бо муҷозот, ихроҷ аз сарҳад, рӯ ба рӯ мешаванд. Мо мехоҳем, бо ёрии матбуот дар кишварҳои худ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед."

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар

  • 332 ҳазор шаҳрванди Узбекистон
  • 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон
  • 152 ҳазор шаҳрванди Украина
  • 120 ҳазор шаҳрванди Озарбойҷон
  • беш аз 115 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон
  • 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон
  • 49 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон

ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебаранд.

Ин даъват дар ҳоле садо дод, ки рӯзи 14-уми апрел Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон низ ба муҳоҷироне, ки ҳузурашон дар Русия ғайриқонунист, муроҷиат кард.

Масъулони вазорат аз шаҳрвандон хостаанд, то 15-уми июни имсол ба шуъбаҳои ноҳиявии идораи муҳоҷират дар Русия ҳозир шуда, будубоши худро қонунӣ гардонанд.

"Дар сурати огоҳ накардани мақомоти Русия аз мавқеи худ, - омадааст дар муроҷиати вазорат, - ин шахс ба таври автоматӣ ба феҳристи шахсоне ворид мешавад, ки ҳузураш дар Русия манъ мебошад".

Барои суол ва пурсиш дар ин замина шаҳрвандон метавонанд, ба намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳрҳои зерини Русия муроҷиат кунанд:
Маскав: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4888964, +7(967)2710202;
Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;
Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;
Новосибирск: +7(965)3586161;
Уфа: +7 (915) 4883223;
Краснодар: +7(929)540 88 88;
Хабаровск: +7 (909)809 5548;
Астрахан: +7(977)2720001.