Анн Линде, вазири корҳои хориҷии Шветсия ва раиси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ба Тоҷикистон омад ва қарор аст бо мақомоти баландпоя, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кунад. Мулоқоти хонум Линде бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар назар аст.
Субҳи 15-уми апрел дар доираи ин сафар раҳбари САҲА дар Душанбе бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард. Дар ин мулоқот, ба иттилои ВКХ, ҳамкориҳои дуҷониба ва низ вазъ дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Чолишҳои муосир, аз ҷумла таъсири бемории COVID-19 ба иқтисод, тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибернетикӣ аз мавзуъҳои дигари суҳбати Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси САҲА будааст.
Ҷузъиёти бештар дар бораи суҳбати Сироҷиддин Муҳриддин ва роҳбари САҲА дастрас нест ва маълум нест, дар ин дидор боз кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Як манбаи огоҳ аз сафар ба Радиои Озодӣ гуфт, Анн Линде баъд аз нисфирӯзӣ бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот мекунад. Ба мулоқоти роҳбари САҲА панҷ намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон даъват шудаанд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, вохӯрии Анн Линде бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дафтари ин созмон баргузор мешавад ва хабарнигоронро ба ин нишаст даъват накардаанд.
То ҳол дақиқ нест, роҳбари САҲА дар поёни сафараш нишасти хабарӣ баргузор мекунад ё не. Дар дафтари созмон дар Душанбе гуфтанд, дар барномаи сафари Анн Линде нишасти хабарӣ ишора нашудааст.
Тибқи иттилои дафтари марказии созмон, Анн Линде дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз Коллеҷи марзбонии САҲА дар Душанбе низ дидан мекунад.
Дар остонаи сафари раиси Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба Тоҷикистон, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва маҳсубони сиёсӣ аз ӯ даъват карда буд, ки дар мулоқот бо мақомоти тоҷик “раҳоии фаврии Иззат Амон”, ҳомии ҳуқуқи шинохтаро талаб кунад.
Ин созмони наздик ба мухолифин дар Аврупо ба Анна Линде муроҷиат карда гуфтааст, "Иззат Амон, ки дар замони пандемияи COVID-19 дар Русия саломатии худро дар хатар монда, ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷикро наҷот дод, ғайриқонунӣ аз Русия ба Тоҷикистон оварда ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст".
Сафари раҳбари САҲА ба чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон 11-уми апрел оғоз шуд ва 15-уми апрел ба поён мерасад. Рӯзи 13-уми апрел Анна Линде дар Бишкек буд ва бо президент ва дигар мақомоти Қирғизистон дидору гуфтугӯ дошт.
Созмони мазкур, аз ҳамкорони муҳими Тоҷикистон аст, ки фаъолияташро дар ин кишвар аз соли 1994, замони ҷанги дохилӣ шуруъ карда, то имрӯз миллионҳо долларро барои иҷрои барномаҳояш ҷудо кардааст.