Анн Линде, вазири умури хориҷии Шветсия ва раиси амалкунандаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ба Тоҷикистон омад ва қарор аст бо мақомоти баландпоя, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кунад. Мулоқоти хонум Линде бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар назар аст.
Субҳи 15-уми апрел дар доираи ин сафар раҳбари САҲА дар Душанбе бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард. Дар ин мулоқот, ба иттилои ВКХ, ҳамкориҳои дуҷониба ва низ вазъ дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Чолишҳои муосир, аз ҷумла таъсири бемории КОВИД-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибернетикӣ аз мавзуъҳои дигари суҳбати Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси САҲА будааст.
Дар остонаи сафари раиси Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба Тоҷикистон, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва маҳсубони сиёсӣ аз ӯ даъват намуд, ки дар мулоқот бо мақомоти тоҷик “раҳоии фаврии Иззат Амон”, ҳомии ҳуқуқи шинохтаро талаб кунад.
Ин созмони наздик ба мухолифин дар Аврупо ба Анна Линде муроҷиат карда гуфтааст, "Иззат Амон, ки дар замони пандемияи COVID-19 дар Русия саломатии худро дар хатар монда ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷикро наҷот дод, ғайриқонунӣ аз Русия ба Тоҷикистон оварда ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст".
Сафари раҳбари САҲА ба чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз 11-уми апрел оғоз шуд ва то 15-уми апрел идома хоҳад дошт. Рӯзи 13-уми апрел Анна Линде дар Бишкек буд ва бо президент ва дигар мақомоти Қирғизистон дидору гуфтугӯ дошт.
Созмони мазкур, аз ҳамкорони муҳими Тоҷикистон аст, ки фаъолияташро дар ин кишвар аз соли 1994, замони ҷанги дохилӣ шуруъ карда, то имрӯз миллионҳо долларро барои иҷрои барномаҳояш ҷудо кардааст.