Дирӯз дар кӯҳҳои Зағертии шаҳри Левакант бо истифода аз саги буйгир ҷасади зани дуввуме ёфт шуд, ки беш аз як моҳ бенишон будааст. Як рӯз пештар аз он сокинони маҳаллӣ бо кӯмаки наҷотбахшон аз ҳамин мавзеъ ҷасади духтари 15-солаи сокини ноҳияи Абдураҳмон Ҷомиро пайдо карданд. Сокинони маҳҳалӣ бо ирсоли навор аз макони ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасадҳои ёфтшуда апаву хоҳар мебошанд. Мақомоти шаҳри Левакант ҳам гуфтанд, ки Парвина ва Саодат Ҳаитоваҳо апаву хоҳар аз деҳаи Роҳи Ленини ҷамоати Истиқлол мебошанд. Сабаби марги онҳоро мақомоти тафтишотӣ таҳқиқ мекунанд.