Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, дар ду ҳафтаи аввал “70 дарсади нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ иҷро шудааст”. Матбуоти тоҷик дар ҳоле ин хабарро аз қавли сухангӯи вазорат нашр кардааст, ки хабару видео ва аксҳо аз ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш ваё сарбозшикор шабакаҳои интернетиро пур кардааст. Даъвати баҳорӣ инчунин дар ҳоле мегузарад, ки баъди нав шудани қонуни ҷалб ба хидмат, то ҳол шарту шурути озод шудан аз хидмат бар ивази пардохти маблағ нашр намешавад.
Мавсими баҳории даъват ба хизмат ҳамагӣ ду ҳафта пеш шурӯъ шуда, шаҳри Душанбе қабл аз мӯҳлат аз иҷрои пурраи нақша хабар дод. Дар ин байн зоҳиран ҳатто бо қабули қонуни нав дар бораи хидмат, интизороти ҷомеаи Тоҷикистн аз кам шудани сарбозшикор амалӣ нагашт. Бо вуҷуди нашри ҳамарӯзаи наворҳо аз ҳолатҳои облава мақомоти давлатӣ ин далелҳоро рад мекунанд ва баръакс аз афзоиши шумораи довталабони хизмат ҳарф мезананд. Расман мавсими баҳории даъват то 31-уми май идома мекунад.