"Авеста": Соли ҷорӣ Тоҷикистон бар ивази ним миллард доллар сӯзишворӣ мехарад

Тоҷикистон нақша дорад соли ҷорӣ бар ивази 546 миллион доллар маводи сӯхт ворид кунад. Хабаргузории “Авеста” рӯзи 13-уми апрел навишт, аз ин миён 344 миллион доллар ба харидани 531 ҳазор тонна бензину солярка ва 202 миллион доллар барои овардани 442 ҳазор тонна гази моеъ пешбинӣ шудааст. Дар ду моҳ ба кишвар ҳудуди 82 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ ворид карда шудааст. Тоҷикистон маҳсулоти нафтиро асосан аз Русия ва Қазоқистон мехарад. Моҳи гузашта нархи бензин дар Тоҷикистон башиддат боло рафта ҳатто боиси камчин гаштани он шуд. Феълан арзиши бензин аз 8 сомониву 80 дирам то 9 сомонист. Нархи гази моеъ низ аз аввали сол 13 фоийз бештар шудааст. Тиҷорати сӯзишворӣ ба уҳдаи чанд ширкат, аз ҷумла "Газпронефт Тоҷикистон" аст, ки аз онҳо монополисти соҳа ном мебаранд. Афзоиши нархи сӯзишворӣ ба болоравии нархи ғизо сабаб мешавад.