Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, бо дарназардошти фарорасии моҳи Рамазон шиддати маҳдудияти истифода аз нерӯи барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистонро камтар мекунад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, ба ин хотир тасмим шудааст вақти ифтор ва рӯзабандӣ ба манзили сокинон нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Тақвими Рамазон соати ифрот ва рӯзабандиро дар Тоҷикистон аз тахминан соатҳои ҳафти шом то чори субҳ муқаррар кардааст.
Ёдгорӣ афзуд, ҳамзамон мутахассисони "Барқи тоҷик" мавзӯи лағви пурраи маҳдудиятҳои истифода аз нерӯи барқ дар кишварро баррасӣ мекунанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи Ёдгорӣ, "маҷрои рӯдхонаҳои бузурги кишвар дар муқоиса бо як соли қабл сӣ дарсад камтар аст. Ба ин хотир, фаъолияти Маркази барқиву гармидиҳии Душанбе-2-ро бо фарорасии ҳавои гарм идома медиҳанд, то сокинони бо нерӯи барқ дастрасӣ дошта бошанд".
Маҳдудияти барқ дар мавсими сармо яке аз мушкилоти калидии сокинони манотиқи берун аз шаҳри Душанбе боқӣ мемонад.