Ҳештег ё шиори "Озодӣ ба донишҷӯёни тоҷик", ки дар мадрасаву донишгоҳҳои Эрон таҳсил кардаанд, тайи чанд рӯзи охир миёни корбарони форсизабони шабакаи Твиттер машҳур шудааст. Танҳо дар рӯзи 7-уми апрел ин навиштаро тақрибан ёздаҳ ҳазор бор паҳн карданд.
Ҳукумати Тоҷикистон соли 2010 садҳо донишҷӯро аз бими он ки ифротӣ мешаванд, аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Эрон баргардонд ва онҳоро уҳдадор кард, камаш дар шаш моҳ як бор ба идораи милисаи маҳалли зисташон ҳозир шаванд.
Талаби онлайнии “Озодӣ ба донишҷӯёни тоҷик” замоне роҳандозӣ шуд, ки Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, дар Эрон қарор дошт. Бино ба гузоришҳои расмӣ, ӯ бо мансабдорони баландпояи сиёсиву низомии он кишвар дар бораи ҳамкориҳои ҳарбиву мубориза бо терроризм мулоқот кард, аммо маълум нест, ин мавзуъ низ баррасӣ шудааст ё не. Таври маълум чунин маъракаҳо дар Эрон ғолибан бо ризоият ва ташвиқи мақомоти баландпояи мазҳабӣ ва давлатии ин кишавр пиёда мешаванд.
Ду ҳафта пеш Алиризо Аърофӣ, имоми яке аз масҷидҳои ҷомеи шаҳри Қум, ҳангоми мавъизаи намози ҷумъа аз "боздошт ва озору азияти ҷавонони таҳсилдидаи тоҷик дар Эрон" изҳори нигаронӣ кард.
Дар моҳи феврали имсол донишҷӯёни тоҷики муқими Эрон аз вазири корҳои дохилии ин кишвар хоста буданд, дар гуфтугӯ бо мақомоти тоҷик масъалаи бозҷӯйӣ ва боздошти донишҷӯёнеро матраҳ кунад, ки дар Ҷумҳурии Исломӣ таҳсил кардаанд. Онҳо гуфтанд, беш аз 50 таҳсилкардаи Эрон дар Тоҷикистон боздошту бозпурсӣ ва баъзе аз онҳо зиндонӣ шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз ба ин дархостҳо ва сабаби боздошту ҳабси ҷавонони таҳсилдида дар Эрон вокуниш накардаанд. Пайвандони донишҷӯён гуфтанд, ки камаш бист нафари онҳо бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ –
- 305 (Хиёнат ба давлат)
- 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ) –
айбдор шудаанд.
То кунун ба Радиои Озодӣ муяссар шуд, номи 15 ҷавони таҳсилкардаи тоҷик дар Эронро, ки боздошту зиндонӣ шудаанд, пайдо кунад:
- Салоҳиддин Нуриддинов – 12 сол
- Саидмурод Обидов – 14 сол
- Зафар Ғафуров – 14 сол
- Рӯҳулло Қаландаров – 12 сол
- Муҳиддин Каримов – 14 сол
- Абдувоҳид Мирзоев – 12 сол
- Баҳриддин Қурбонов – 6 сол
- Муҳаммадӣ Соҳибназаров – 6 сол
- Абдураҳмон Холисов – 12 сол
- Мустафо Амруллозода – 12 сол
- Хайрулло Шарипов – беш аз даҳ сол
- Раҳим Иброҳимов – 12 сол
- Муҳаммад Тӯйчизод – 12 сол
- Асрориддин Розиқов – 5 сол
- Умед Қурбонов– муҳлати ҷазо номаълум.
Наздикони донишҷӯёне, ки дар Тоҷикистон боздошту ҳабс шудаанд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, бештар онҳое дастгир шуданд, ки дар Донишгоҳи байналмилалии “Ҷомеат-ул- Мустафо”-и Эрон хондаанд.
Онҳо бо нигаронӣ аз эҳтимоли афзоиши фишор нахостанд, номашон зикр шавад. Ба қавли онҳо, аз 80 донишҷӯйи тоҷик, ки дар солҳои 2009-2010 дар Донишгоҳи “Ҷомеат-ул-Мустафо” дар Машҳаду Қум ва Гургон буданд, беш аз 20 нафар дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.
Баъзе аз ҷавононе, ки дар Эрон таҳсил кардаанд, дар як филми, ба гуфтаи мақомот, мустанади “Хиёнат”, ки тавассути телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, зоҳир шуда, ба гуноҳи худ иқрор кардаанд. Пайвандонашон мегӯянд, ин эътирофҳо ихтиёрӣ набуда, зери фишор сурат гирифтаанд.
Чанд рӯз пеш аз сафари вазири дифоъ Шералӣ Мирзо ба Теҳрон, сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мақолаи як омӯзгори Донишкадаи исломиро ба нашр расонд. Иноятулло Каримов дар мақолааш “Ҷомеат-ул-Мустафо ал-ъоламия”-ро “донишгоҳи бузурги терроризм” номидааст.
Иноятов навиштааст, “Ҷомеъат-ул-Мустафо ал-ъоламия"... яке аз инструментҳои асосии татбиқи сиёсати “судури инқилоби исломӣ” ва дахолати Эрон ба вазъияти кишварҳои хориҷист.”
Шумораи донишҷӯёни тоҷик дар Эрон ва бахусус мадрасаҳои динии он кишвар феълан маълум нест.
Дар оғози соли гузашта сафири Тоҷикистон дар Эрон аз Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, имоми ҷумъаи масҷиди аҳли суннати Зоҳидон хоста буд, номи шаҳрвандони кишварро, ки дар ҳавзаи илмии Зоҳидон машғули таҳсил ҳастанд, эълон кунад. Мавлавӣ Абдулҳамид дар посух гуфта буд, "дар ҳавзаҳои илмии аҳли суннати Зоҳидон 20 шаҳрванди Тоҷикистон машғули таҳсили улуми қуръонӣ ҳастанд".
Равобити Тоҷикистону Эрон аз соли 2015 баъди, ба гуфтаи мақомот, табаддулоти нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ, ба сардӣ гароид. Пас аз ин ҳодиса мақомоти Тоҷикистон ошкору ниҳон Эронро ба пуштибонӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва Теҳрон Душанберо барои ғайб задани пулҳои сармоядори эронӣ Бобаки Занҷонӣ айбдор карданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Донишҷӯёни тоҷик ба вазири Эрон шикоят кардаандМулоқоти сафири Тоҷикистон бо имоми аҳли суннати Зоҳидон. Ду ҷониб чӣ гуфтанд?Дар зери заррабин. Донишҷӯёни мадрасаҳои исломӣ ба мақомот ҳисобот медиҳандАз Эрон – бе дипломи донишгоҳ. “Вақте давлат даъват мекунад, бояд баргардӣ”. ВИДЕОХолиқназаров аз вуруди "эмиссар"-ҳо ба Тоҷикистон ҳушдор дод