Аъзои Бундестаг, порлумони Олмон, бархурди мақомоти Русияро бо пешвои зиндонии мухолифини он кишвар, Алексей Навалний, “шиканҷаи ҳадафманд" номида, аз Кумитаи Аврупо барои пешгирӣ аз шиканҷа хоҳони баррасии шароити зиндони ӯ шудаанд.
Номаи аъзои порлумони Олмон рӯзи 10-уми апрел дар Фейсбук нашр шуд. Дар он рафтор бо Навалнийро "носозгор" бо Конвенсияи аврупоии ҷилавгирӣ аз шиканҷа хондаанд. Дар ҳоле ки, ба қавли муаллифон, Русия як узви ин Конвенсия аст.
Ин нома аз сӯи Мануэл Сарразин аз Ҳизби сабзи Олмон ва гурӯҳи дигар аз аъзои порлумони Олмон имзо шудааст.
Дар нома ҳамчунин гуфта шудааст, ки онҳо гузоришҳоро дар бораи зиндон ва вазъияти саломатии Алексей Навалний бо нигаронӣ пагйирӣ карда, “ҳамбастаи комил"-и худро бо ӯ баён мекунанд.
Алексей Навалний, мухолифи сарсахти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар моҳи январи имсол, ҳангоми бозгашт аз Олмон, дар фурудгоҳи Маскав дастгир шуд. Ба қавли пизишкони олмонӣ, ӯ дар Русия бо заҳри “Новичок” масмум (заҳролуд) шуда буд.