Баҳори имсол то як миллион муҳоҷири корӣ метавонанд ба Русия баргарданд. Дар ин бора, Вадим Коженов, раҳбари Федератсияи муҳоҷирон дар Русия, зимни сӯҳбат бо нашрияи "Росийская газета" иброз доштааст.
Ба гуфтаи Коженов, иҷозаи парвозҳои доимӣ ба Осиёи Марказӣ аз 1- уми апрел, то андозае ба бозори кори Русия таъсири худро расондааст. Ба бовари Коженов шумораи бештари муҳоҷирон пас аз боз шудани роҳи заминӣ ба Русия хоҳанд омад.
Айни замон Мария Игнатова, раҳбари маркази пажуҳишии hh.ru гуфтааст, феълан аксарияти муҳоҷирони Қазоқистону Қирғизистон ҷӯёи кор буда, шаҳрвандони Тоҷикистон камтар аст. Бо ин ҳам коршиносон бар инанд, ки то охири соли 2021 ҳам камбуди нерӯи корӣ дар Русия бартарф намешавад.
Баста будани марзи Русия дар як соли охир боис шуд, ки даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳам аз сафар ба ин кишвари муҳоҷирпазир маҳрум шуда, даромади хонаводаҳо низ кам гардад. Тибқи иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷират, дар соли 2020 тақрибан 130 ҳазор кас аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соле аз он пеш 76 дарсад камтар аст.
Мувофиқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, мизони пулҳои фиристодаи шахсони воқеӣ аз хориҷа ба кишвар дар соли 2020 6,3 дарсад кам шудааст. Ба маълумоти Бонки Марказии Русия, муҳоҷирон соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристодаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар аст.