Хабари кушода шудани роҳ ба ҳафт шаҳри Русия, садҳо нафарро ба назди нуқтаҳои билетфурӯшии ширкати “Уралские авиалинии” дар Душанбе овард. Аммо нархҳои ҳангуфти чиптаҳо муҳоҷиронро нигарон кард.
Мусофирон аз он норозиянд, ки дар шароити бади молиявӣ, нархи билетро 10-12 ҳазор сомонӣ муқаррар кардаанд. Ягона умедвории муштариён ин аст, ки зиёд шудани парвозҳо шояд ба арзон шудани онҳо сабаб гардад, вале маълум нест кай.
“Бо ин пул дар Париж истироҳат кардан мумкин аст”
Муҳоҷирони тоҷик як сол мешавад, ки дар орзуи кушода шудани роҳи Русия буданд ва бо умеди дарёфти билет ба ширкати “Уралские авиалинии” ба Душанбе омадаанд. Аз якуми апрел парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия аз сар гирифта шуданд, вале дар як ҳафта танҳо як парвозӣ аз ҷониби ширкатҳои “Сомон Эйр” ва «Ютейр» анҷом мешавад.
Ин ҳафта намояндагони ширкати “Уралские авиалинии» ҳам хабар доданд, ки барои бурдани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳафт шаҳри Русия иҷоза гирифтанд. Муҳоҷирон инро хушхабар меноманд, вале аз қиматии билет шикоят мекунанд.
Муҳаммад, як сокини шаҳри Ваҳдат, гуфт, бо нархи чиптаи Маскав-Душанбе метавон ба Париж рафтаву истироҳат кард. “Мардум аз куҷо ин қадар пул доранд? Як сол шуд, ки ҷойи кор надорем”, -- афзуд ҳамсуҳбати мо.
“Ба 3 ҳазор сомонӣ чипта гирифтам, мегӯянд, 12 ҳазор сомонии дигар супор"
Хайрулло Бурҳонов, сокини ноҳияи Ёвон, ба гуфтаи худаш, соли гузашта аз ширкати “Уралские авиалини” бо арзиши 3 ҳазор сомонӣ билет харид. Аммо дар пайи паҳншавии пандемия роҳҳо ба самти Русия баста шуданд ва Бурҳонов натавонист, ба муҳоҷират равад. Хабари боз шудани роҳҳо ӯро ба дафтари ширкати «Урал» овард, то тавонад бо чиптаи харидааш ба Русия равад.
Вале Хайрулло Бурҳонов гуфт, ба ӯ гуфтанд, ки бар иловаи он 3 ҳазор сомонии супурдааш боз 12 ҳазор сомонии дигар бояд супорад. "Аз бонк қарз карда омадем. 3 ҳазор гӯяд, 4 ҳазор гӯяд, ҳеҷ гап не, 12 ҳазор гуфта истодаанд. Аз куҷо меёбем? Агар 12 ҳазор медоштем, ба Русия намерафтем."
Ба монанди Хайрулло Бурҳонов садҳо нафари дигар аз рӯзи 5-уми апрел ба назди нуқтаҳои билетфурӯшии ширкати “Урал” омадаанд, то барои рафтан ба Русия чипта гиранд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масъулони ширкати «Уралские авиалини» расман дар ин бора суҳбат намекунанд. Дафтари матбуотии ширкат дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт, “феълан аз шарҳи мавзуъ худдорӣ мекунем.” Танҳо як корманди ширкат дар Душанбе бе зикри ном гуфт, парвозҳои онҳо чартерӣ буда, аз як тараф холӣ меоянд ва аз ин хотир билет қимат аст.
Интихоби мушкил барои муҳоҷирон
Нархи парвозҳои доимӣ аз Душанбе то Маскав, ки аз сӯйи ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “ЮтЭйр” анҷом мешаванд, ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ аст. Вале, ба гуфтаи мусофирон, чиптаи парвозҳои доимӣ то охири моҳи май фурӯхта шудаанд ва онҳо наметавонанд ду моҳи дигар мунтазир шаванд. Аз сӯи дигар нархи чиптаҳои ширкати “Урал” ба гуфтаи муҳоҷирон аз 10-12 ҳазор сомонӣ боло аст.
Набудани чипта барои парвозҳои доимӣ ва аз сӯйи дигар билет бо арзиши аз 10-12 ҳазор сомонӣ боло, муҳоҷирони тоҷикро дар дуроҳа қарор додааст. Аз як тараф муҳоҷирон дар дохили кишвар ҷойи кор надоранд ва бояд ҳатман ба Русия раванд. Вале нархи парвоз ба санге дар сари роҳашон табдил шудааст.