Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, дар робита ба 11-умин солгарди “инқилоби апрелӣ” дар он кишвар муроҷиате нашр кард.
Ӯ гуфтааст, "7-уми апрели соли 2010 мардуми Қирғизистон тавонист, ширкати фаъоли худро дар равандҳои ҷаҳонӣ ва сарчашмаи воқеии ҳокимият будани худ ба ҷаҳониён нишон диҳад".
"7-уми апрели соли 2010 қирғизистониҳо барои ҳифзи ҳуқуқи сиёсии худ ба сӯйи "Кохи сафед" равон шуданд. Аммо муайян шуд, ки мақомот аз ниёзҳои мардум огоҳ нестанд. Дар ҳаводиси апрелӣ мардуми мо бисёре аз фарзандони фарзонаи худро аз даст дод. Бо гузашти замон ҳанӯз андӯҳи қурбониёни он ҳодиса аз қалби мо берун нашудааст, ёди қаҳрамонон ҳамеша бо мо хоҳад буд", -- афзуд Содир Ҷабборов.
Вай илова кард, яке аз дарсҳои “инқилоби апрелӣ” ин буд, ки "қудрати давлатро на бо роҳи хунрезӣ, балки бо роҳи осоишта ва қонуну интихоботҳои шаффоф бояд тақвият дод".
Рӯзи 7-уми апрели соли 2010 дар Қирғизистон дувумин инқилоби мардумӣ аз замони касби истиқлоли он кишвар рух дод, ки боис ба барканории ҳукумат шуд. Инқилоби аввал дар он кишвар 24-уми марти соли 2005 сар зада буд.
Дар соли 2010 дар назди "Кохи сафед"-и Қирғизистон дар шаҳри Бишкек 86 одам аз силоҳи оташфишон кушта ва зиёда аз 100 каси дигар маҷруҳ шуд. Дар натиҷаи инқилоб президенти вақти он кишвар Қурмонбек Боқиев ҳамроҳ бо пайвандонаш аз Қирғизистон фирор кард.