Нозим Ҷумъаеви 61-сола, машҳур бо лақаби "Ҷаллод", рӯзи 2-юми апрел дар қабристоне дар маркази шаҳри Бухорои Узбекистон дафн карда шуд. Дар маросими дафни вай соҳибнуфузони ҷиноӣ аз Қазоқистону Қирғизистон ва Туркияву Қафқоз ширкат доштанд.
Як манбаъ гуфт, дар ин маросим мақомоти маҳаллӣ низ иштирок доштанд. Ҷумъаев дар маҳбаси вилояти Намангони он кишвар адои ҷазо мекард ва ҷасадашро рӯзи 1-уми апрел ба наздиконаш доданд.
Як манбаъ аз мақомоти зиндони Узбекистон гуфт, Ҷумъаев чаҳор моҳи охир аз муътодӣ ба маводи мухаддир муолиҷа мешуд ва рӯзи 1-уми апрел аз бемории марбут ба маводи мухаддир фавтид.
Нозим Ҷумъаев соли 2014 ҳабс шуд ва додгоҳ ӯро соли 2015 бо айби "Омода кардан, ба даст овардан, нигаҳдорӣ ва дигар амали ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир, бо ҳадафи фурӯш ё истифода он" 20 сол зиндонӣ кард.