Вазири мудофиаи Тоҷикистон барои гуфтугӯ ба Эрон рафтааст

Шералӣ Мирзо

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, рӯзи 5-уми апрел ба Теҳрон рафтааст. Масъулони вазорат гуфтанд, ӯ дар ҷараёни сафараш бо мансабдорони баландпояи сиёсиву низомии он кишвар мулоқот хоҳад кард.

"Дар суҳбатҳо масоили ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, ҳамоҳангӣ ва мубодилаи иттилоот дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ баррасӣ мешавад", -- гуфтанд дар вазорат. Аммо дақиқ нест, ки сафар аз қабл машварат шуда буд ва ё ногаҳонӣ сурат гирифт.

Тоҷикистону Эрон аз соли 2015 ба ин тараф муносибати чандон гарм надоранд, вале даҳ сол пеш ҳудуди 150 сарбозу афсари эронӣ дар реҷаи низомӣ бахшида ба ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон иштирок карда буданд.

Он замон Шералӣ Хайруллоев, ки дар мансаби вазири дифои Тоҷикистон буд, гуфт, "ҳам дӯсту ҳам душман як бори дигар дид, ки агар лозим шавад ду соат роҳ аст, ки қувваҳои мусаллаҳи Эрон дар Тоҷикистон мешаванд. Агар лозим шавад, мо ба Эрон меравем, якдигарро дастгирӣ карда дар байни дӯсту душман зиндагӣ мекунем. Вақте ки қувваҳои мусаллаҳи Эрон аз майдон гузашт, мардум кафкӯбӣ карданд."

Сарбозону афсарони эронӣ ҳангоми гашти низомӣ дар Душанбе. Моҳи сентябри 2011

Пас аз чаҳор соли ин изҳорот Тоҷикистон ошкору ниҳон мақомоти Эронро ба пуштибонӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва Теҳрон Душанберо барои гум шудани миллионҳо доллари Бобаки Занҷонӣ муттаҳам карданд.

Сафари вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Теҳрон дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳафтаи гузашта вазири умури хориҷии Эрон, Муҳаммадҷавод Зариф, барои иштирок дар нишасти “Қалби Осиё” ба Душанбе омада буд. Вай бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот дошт.