Оҷонсии идораи амволи давлатии Узбекистон хабар дод, ки дар шаҳр ва вилояти Тошканд чанд амволе ба фурӯш гузошта шудааст, ки дар гузашта ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов тааллуқ доштанд.
Яке аз ин амвол - минтақаи истироҳатии "Сиҷак" дар ноҳияи Бостанлиқи вилояти Тошканд аст.
Дар ҳудуди ин минтақа меҳмонхонае бо масоҳати 730 метри мураббаъ, иншооти варзишӣ бо масоҳати 855 метри мураббаъ, ҳавз, синамохона ва ғайра мавҷуд аст.
Масоҳати умумии минтақаи истироҳатӣ 5,38 га заминро дар бар мегирад.
Соли 2019 ин минтақа ба Федератсияи триатлон дода шуда буд. Ин федератсия ба домоди президенти он кишвар Шивкат Мирзиёев марбут аст.
Ба ҷуз аз минтақаи истироҳатии мазкур, маркази тиҷории "Пойтахт", меҳмонхонаи "Ичан қалъа" ва минтақаи истироҳатии "Белдерсой" ба фурӯш гузошта шудааст, ки пештар ба Гулнора Каримова тааллуқ доштанд.