"Сомон Эйр" эълон кард, ки 184 кас, асосан шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия бурд

Як ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"

Масъулони ширкати "Сомон Эйр" гуфтанд, ки рӯзи 4-уми апрел 184 мусофир, аксаран шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Душанбе ба Маскав бурданд.

Ба иттилои онҳо, ин парвози нахустини мунтазам байни Тоҷикистону Русия баъд аз як соли "танаффус" буд. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш аз он ҳавопаймои ширкати "ЮтЭйр" аз интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия худдорӣ варзид.

Дар ширкати "Сомон Эйр" гуфтанд, "парвози навбатии мунтазам дар хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе рӯзи 6-уми апрел амалӣ хоҳад шуд." Ширкат дар эъломияе нархи сафар дар масири Душанбе – Маскавро 349 доллар зикр кардааст.

Чанд рӯзи охир садҳо нафар барои гирифтани билет дар Душанбе навбат мепоянд ва баъзе аз онҳо аз гаронии нархи он шикоят доранд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, баъзе аз харидорон иддао кардаанд, ки қимати билет аз 6 то 8 ҳазор сомонӣ аст. Мақомот ҳанӯз ба ин иддаоҳо посух нагуфтаанд, вале қаблан Азиз Набизода, муовини раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон, ваъда дода буд, ки ҷараёни фурӯши билетро ҷиддӣ назорат мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Парвози мунтазам аз Душанбе ба Маскав сурат нагирифт. Намояндаи Utair: "Ба таъхир афтод." АКСНавбат барои харидани билети сафар ба Русия. "Utair" ва "Somon Air" нархро гуфтанд. АКС, ВИДЕО"Аз 450-500 доллар зиёд набошад." Тоҷикистон рӯз ва нархи сафар ба Русияро эълон кард. САДО