Хабаргузории “Азия Плюс” имрӯз, 2‑уми апрел 25‑солагии таъсисашро таҷлил кард.
Солҳои ахир нашрия ва радиои “Азия Плюс” ба яке аз пешсафони фазои иттилоотии Тоҷикистон табдил ёфтаанд.
Дастрасӣ ба сомонаи ин хабаргузорӣ аз ду сол қабл масдуд шуда, ҳоло масъулони ин хабаргузорӣ маҳсули корашонро ба муштариён бештар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мерасонанд.
Агар дар гузашта сомонаи “Азия Плюс” то 40 ҳазор хонанда дошта бошад, ҳоло ҳудуди ним миллион мухотаб ҳамарӯза маводи ин расонаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мутолиа мекунанд. Умед Бобохонов, муассиси хабаргузорӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи шароити кори “Азия Плюс” нақл кард.
Чӣ тавр “Азия Плюс” пайдо шуд?
Умед Бобохонов: Аввалҳои солҳои 90-ум ман ба унвони хабарнигори “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон фаъолият мекардам. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ таваҷҷӯҳи Маскав, ки идораи мо дар он ҷо ҷойгир буд, ба хабарҳо аз Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ аз кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ камтар шудан гирифт. Ман пайваста ба идора аз ҳаёти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон матлаб омода карда мефиристодам, вале моҳ ба моҳ онҳо камтар нашр мешуданд. Муҳаррирон ба ман мегуфтанд, Умед, бубахш, вале ҳодисаҳои Тоҷикистон барои хонандаҳои мо чандон ҷолиб нест. Ин як раванди табиӣ буд ва ман онро дарк мекардам, ки мухотабони асосиашон дар Русия аст ва барои онҳо хабарҳо аз Тоҷикистону Арманистон ё Латвия ва Литва чандон муҳим набуданд. Ҳамчунин, эҳсос мекардам, ки шояд баъди муддате вазифаи хабарнигорашон дар Тоҷикистонро ихтисор мекунанд. Дар андешаи чӣ кор карданам будам. Танҳо коре ки метавонистам анҷом диҳам, ин мақоланивисӣ ва таҳрири онҳо буд. Ба хулосае расидам, ки дар Тоҷикистон хабаргузории кӯчаке таъсис диҳам, ки барои сокинони кишвар хабару таҳлилҳои ҷолиб таҳия кунад. Соли 1995 дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ идома дошт ва сохторҳои давлативу тиҷоратӣ пул ҳам надоштанд, ки ба хабарномаҳои мо обуна шаванд. Мо тасмим гирифтем онро ба забони англисӣ нашр карда, сипас ба сафоратхонаҳову созмонҳои хориҷӣ тақсим кунем. Чун ин созмонҳо ба хабарҳои мустақил аз худи Тоҷикистон ниёз доштанд ва дар тӯли ду моҳ ҳамаашон ба хабарномаҳои мо обуна шуданд. Зеро, хабарномаҳои мо ягона манбаи иттилои мустақил ба забони англисӣ дар он замон буд. Пас аз чанд сол рӯзномаи худро нашр кардем ва сипас радио низ таъсис додем. Аммо ҳамаи ин кор аз ҳамон хабарномаҳо оғоз ёфта буд.
"Мардум ба интернет рӯ овард"
Радиои Озодӣ: Ҳоло “Азия Плюс” дар фазои иттилоотии Тоҷикистон пешсаф аст ва шумо ба забони тоҷикӣ низ матлаб нашр мекунед?
Умед Бобохонов: Бале, ҳоло мо ба се забон матлаб нашр мекунем – русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ.
Радиои Озодӣ: Радиои “Азия Плюс” ба чанд забон матлаб пахш мекунад?
Умед Бобохонов: Русӣ ва тоҷикӣ.
Радиои Озодӣ: Аммо нашрияи шумо танҳо ба забони русӣ аст?
Умед Бобохонов: Бале, танҳо ба забони русӣ.
Радиои Озодӣ: Ҳоло тиражи нашрияи шумо чанд адад аст?
Умед Бобохонов: Солҳои пеш “Азия Плюс” ҳар ҳафта то 10-15 ҳазор нусха тираж дошт. Вале, солҳои ахир тиражи ҳамаи нашрияҳои мустақили Тоҷикистон пойин рафтанд. Ин амр чанд сабаб дошт. Якум, мардум бештар ба интернет рӯй оварданд ва аз ин шабакаи ҷаҳонӣ тамоми иттилоъро барои худ пайдо мекунанд. Сабаби дувуми коҳиш ёфтани тиражи нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ин аст, ки солҳои ахир нашрияҳои мустақили кишвар матлабҳои танқидӣ камтар чоп мекунанд. Бо ин вуҷуд, тиражи газетаи мо ҳоло ду ҳазор нусха аст. Чун эълону рекламаи зиёд чоп мекунем, ба умедам, ки ин тиражро метавонем нигаҳ дорем.
Радиои Озодӣ: Мебинам, ки вақтҳои ахир “Азия Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол шудааст. Ба кадоме аз шабакаҳои иҷтимоӣ бештар таваҷҷӯҳ доред?
Умед Бобохонов: Ду сол қабл, замоне, ки дастрасӣ ба сомонаи мо масдуд шуд, тасмим гирифтем хабарҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар чоп кунем. Хушбахтона, ҳоло дар Фейсбук мо тақрибан 150 ҳазор хонанда, дар Инстаграмм бештар аз дусад ҳазор обуначӣ ва дар Ютуб 130 ҳазор муштарӣ ва дар Телеграмм беш аз бист ҳазор хонанда дорем. Мо медонем, ки мардум ҳоло бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ мегиранд ва ба ин хотир мо ба ин шабакаҳо рӯй оварда, хабарҳои худро ба мардум мерасонем.
Дар бораи баҳонаҳои мақомот
Радиои Озодӣ: Дар тӯли ду сол оё бо мақомоти тоҷик дар бораи боз кардани дастрасӣ ба сомонаи худ музокироте доштед ва онҳо чӣ мегӯянд дар ин бора?
Умед Бобохонов: Шумо медонед, ки дар нишастҳои хабарии сохторҳои мухталиф хабарнигорон дар ин бора ба мақомот суол додаанд. Аммо роҳбарияти Хадамоти алоқа ҳатто иқрор намешаванд, ки дастрасӣ ба ин сомонаро масдуд кардааст. Танҳо мегӯяд, ки ин мушкили фаннии худи сомона аст. То ҳол ҳеҷ ниҳоде масъулияти бастани сайти моро ба дӯш нагирифтааст. Ба ин хотир, ин амр ғайриқонунӣ аст. Фикр мекунам, ин як беақлии нафароне аст, ки тасмими бастани дастрасӣ ба сайти моро рӯйи даст гирифтаанд. Ҳоло бошад, мо ба ин нафарон ташаккур мегӯем, ки дастрасӣ ба сомонаи моро бастанд. Зеро, баъд аз ин вақти бештаре пайдо карда, ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯй овардем. Пештар ба сомонаи мо ҳамрӯза то 40 ҳазор хонанда ворид мешуд, ҳоло бошад, хабарҳои моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ то 500 ҳазор нафар мехонанд. Яъне, теъдоди мухтабонамонро мо беш аз даҳ маротиба бештар кардем. Дигар бароямон баста будани дастрасӣ ба сомонаи мо чандон муҳим нест, зеро мухотабонамонро мо дар дигар шабакаҳо пайдо кардаем.
Шакли нави “Азия Плюс”
Радиои Озодӣ: Иттилоъ ёфтем, ки шакли нави сомонаи худро таҳия карда, дар зудтарин фурсат онро муаррифӣ мекунед. Оё наметарсед, ки дастрасӣ ба ин шакли нави сомонаи шумо низ масдуд карда мешавад?
Умед Бобохонов: То як моҳи дигар сомонаи нави худро боз хоҳем кард. Ҳамон тавре, ки гуфтам бароямон чандон муҳим нест, ки мақомот дастрасӣ ба онро масдуд мекунад, ё не. Зеро, теъдоди зиёди мухтабонамон дар шабакаҳои дигар ҳастанд. Дар шакли нави сомонаамон тағйирҳои фанние мешаванд, ки аз имкони блок ё масдудкунии дастрасии хонандагон пешгирӣ мекунад. Яъне, масдуд кардани дастрасӣ ба сайти мо хеле душвор мешавад. Ҳоло мутахассисони соҳаи мухобирот бароямон машвартаҳо дода истодаанд, ки чӣ гуна метавонем аз масдуд шудани сомонаамон ҷилавгирӣ кунем. Агар шуд хуб, агар не, боке ҳам нест. Зеро, алоқамандон тавассути филтршикани ВПН низ метавонанд ба сомонаи мо дастрасӣ дошта бошанд.
Ҳоли хароби расонаҳо
Радиои Озодӣ: Дар маҷмӯъ, вазъи расонаҳои мустақили Тоҷикистонро чи гуна арзёбӣ мекунед? Ба андешаи шумо, оё ин расонаҳо рисолати аслии худ барои расонидани иттилои бетарафу воқеӣ ба хонандагонро иҷро мекунанд ё аз бозтоби масоили доғи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дурӣ меҷӯянд?
Умед Бобохонов: Фикр мекунам, аҳволи расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳоло хароб аст. Ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун журналист хеле афсӯс мехӯрам, ки ҳоло вазъият ҳамин гуна аст. Мо чанд мушкил дорем – ҳам сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ. Бозори рекламаи Тоҷикистон кӯчак аст ва пеш бурдани фаъолияти расона аз ҳисоби таблиғот хеле душвор аст. Солҳои ахир журналистҳо низ хеле эҳтиёткор шуда, худсонсурӣ зиёд шудааст. Яъне, журналистҳо аксар вақт аз баррасии мавзӯъҳои мубрами ҷомеа метарсанд. Ин, албатта, хуб нест. Зеро, вақте сокинон аз расонаҳои дохилӣ ин иттилоъро наёбанд, ба сарчашмаҳои дигар рӯй меоранд. Ин амр барои амнияти иттилоотии кишвар судовар нест. Бар ин назарам, ки масъулон ба ҷойи халал расонидан бояд ба расонаҳои мустақили дохилӣ кӯмак кунанд. Аз ин кор ҳам ҷомеа ва ҳам давлат бурд хоҳад кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Умед Бобохонов: Доираи "хатти сурх" боз ҳам тангтар шуд. ВИДЕО, САДО ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Кӯчокӯч дар пайи тахриби Қасри президент. Шаҳрдорӣ ба ҷойи МТС, "Ховар" ба ҷойи "Азия плюс".