Расонаи қазоқии “Кабар-24” менависад, як зодаи Тоҷикистонро, ки аз Душанбе ба Қазоқистон парвоз кардааст, барои надоштани ташхиси тибии зидди COVID-19 аз фурудгоҳи Алмаато ихроҷ кардаанд. Маълум нест, ин шаҳрванди Тоҷикистон чӣ гуна бидуни санади ташхиси манфии коронавирус ба ҳавопаймо роҳ ёфтааст, зеро доштани ин гуна маълумотномаи тиббӣ яке аз талаботи асосӣ барои сафари шаҳрвандон ба давлатҳои дигар аст. Баъди танаффуси яксола дар аввали моҳи марти имсол байни Душанбеву Аламаато парвози доимӣ барқарор шуд. Ширкатҳои ҳавоӣ пайваста таъкид мекунанд, ки бидуни доштани ташхиси тиббӣ ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.