Шиноснома ва шаҳрвандии Русия. Фаъолони сиёсӣ чӣ қадар "арзиш" доранд?

"Гирифтани шаҳрвандии Русия барои фаъолони сиёсӣ ва маданӣ ҳеч кафолати дар амн будани онҳоро намедиҳад", -- мегӯянд коршиносони рус.

Ҳафтаи гузашта ду зодаи Тоҷикистон ва ҳамзамон шаҳрвандони Русия ба рӯйхати чеҳраҳое ворид шуданд, ки аз шиносномаи русӣ маҳрум ва ба зодгоҳашон ихроҷ шуданд:

  • Вакили мудофеъ ва ҳомии ҳуқуқ Иззат Амон, ки аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон ба қаллобӣ муттаҳам мешавад. Мақомоти Русия ӯро ба “нақзи қоидаҳои буду бош” айбдор карданд.
  • Рӯҳонии маъруф Саиднуриддин Розиқов, ки мақомоти тоҷик ӯро ба ҳаракати динии дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” гумонбар медонанд.

Ба қавли наздикони ихроҷшудаҳо, онҳо шаҳрвандии Русияро дар поёни солҳои 90-ум ва оғози 2000-ум гирифтаанд ва ин ҳама вақт аз тамоми ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрванди Федератсияи Русия истифода мекарданд. Эҳтимол барои шахсоне, ки тобеияти Русияро дарёфт мекунанд, шиносномаи ин кишвар на ҳамаи ҳуқуқро таъмин мекунад.

Фаъолмандӣ мамнуъст?

Иззат Амон дар назди яке аз муҳоҷирони маҷруҳ. Акс аз бойгонӣ

Иззат Амон дар баробари ёрӣ ба муҳоҷирони корӣ аз сиёсатҳои мақомоти Тоҷикистон интиқод мекард. Дар моҳи сентябри соли 2019 эълон кард, ки ҳизби муҳоҷиронро бо номи “Тағйирот, ислоҳот ва рушд” таъсис хоҳад дод ва ҳадафаш ҳузури муҳоҷирон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон аст. Баъдан бо ишора ба фишор ва монеагузориҳо аз ин идея даст кашид.

Пештар ин сарнавишт насиби ҳомии ҳуқуқи дигари муҳоҷирон, Каромат Шарипов, шуда буд. Ӯро моҳи декабри соли 2016 аз шиносномаи русӣ маҳрум ва ба Тоҷикистон “бадарға” карданд. Каромат Шарипов моҳи майи соли 2020 дар Тоҷикистон даргузашт.

Пештар ӯ мегуфт, ҳеч гоҳ шаҳрванди Тоҷикистон набуд ва шиносномаи русиро баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ, замоне ки афсари Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон буд, гирифта буд.

Мақсуд Иброҳимов

Соли 2015 фаъоли дигари тоҷик, роҳбари созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар Русия Мақсуд Иброҳимов нопадид шуд. Баъди чанде ӯ дар Душанбе пайдо ва 13 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Иброҳимов ҳам ба ҳамин шева аз шаҳрвандии Русия маҳрум гардид, ҳарчанд ба тасдиқи худаш, расман аз шиносномаи Тоҷикистон даст кашидааст.

“Амалкардҳои ғайриқонунӣ”

Ҳомии ҳуқуқи рус, раиси Кумитаи “Ёрии шаҳрвандӣ” Светлана Ганнушкина, мегӯяд, ҳар вақте ки касе барои мақомоти Тоҷикистон нохушоянд шуд, мақомоти Русия ҳам ба онҳо ҳамназар мешаванд.

Светлана Ганнушкина

“Асосҳо барои бекор кардани шаҳрвандӣ комилан боварнакарданӣ ҳастанд. Ҳатто ҳолате буд, ки як нафарро барои бекор кардани шиносномаи русияш бо таърихи гузашта аз занаш ҷудо карда буданд, ҳарчанд ин завҷ барои талоқ гирифтан муроҷиат накардааст. Ба ҷуз ин, дар қонунгузории додани шаҳрвандӣ имконоти гуногуне барои бекор кардани шаҳрвандӣ пайдо шуд. Масалан, барои ин ки шаҳрванд огоҳона далелҳои бардурӯғ пешниҳод мекунад, яъне агар вақти савгандёдкунӣ ваъда медиҳад, қонунҳо ва Конститутсияро риоя мекунаду баъд онҳоро нақз кунад. Ин хеле аҷиб аст”, -- таъкид мекунад Ганнушкина.

Ба гуфтаи ӯ, ин гуна тасмимҳо ба он хотир хеле зуд гирифта мешаванд, ки шахс имкони шикоят карданро надошта бошад.

Масъалаи шаҳрвандиро Эъломияи умумии ҳуқуқи башар танзим мекунад, ки соли 1948 Маҷмааи умумии СММ қабул кардааст. Дар банди 15-уми он гуфта мешавад: “Ҳеҷ касро худсарона аз шаҳрвандӣ ё аз ҳаққи тағйири шаҳрвандӣ маҳрум кардан мумкин нест”.

Дар ҳоли ҳозир дар Русия қонуне вуҷуд дорад, ки тибқи он шаҳрвандии шахсонеро, ки бо моддаҳои терроризму экстремизм маҳкум шудаанд, мешавад бекор кард. Барои онҳое, ки шаҳрвандиро ҳангоми таваллуд дар ҳудуди Русия дарёфтаанд, ин қонун татбиқ намешавад ва дар ҳеч ҳолати дигаре шаҳрвандии ин қабил одамонро бекор кардан мумкин нест.

Вакили Думаи давлатии Русия Виталий Милонов дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, шарту шароити дарёфт ва лағви шаҳрвандӣ дар қонун омадааст ва маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ як раванди табиӣ аст.

“Мансабдорон метарсанд”

Надежда Кеворкова

Рӯзноманигори рус Надежда Кеворкова мегӯяд, мансабдорони Русия бо фаъолон бо як навъ нигаронӣ бархурд мекунанд. “Ҳама гуна иттиҳодҳо мансабдорро метарсонад. Ин бар зарари онҳост. Барои ҳамин, ҳеч гуна фаъолияти иҷтимоиву сиёсӣ барои онҳо дар ин ҷо даркор нест. Ҳамин гуна фаъолияти фаронсавиҳову амрикиоҳо ҳам барояшон даркор нест. Лекин онҳо аз Ғарб ба таври ғаризӣ метарсанд. Ва агар барои боздошти фаъоли амрикоӣ аз роҳбаронашон даҳ бор иҷоза пурсанд, дар ин маврид (боздошти тоҷикон - РО) медонанд, ки ба онҳо зараре намерасад”, -- таъкид мекунад рӯзноманигор.

Вале Маскав танҳо зодагони Тоҷикистонро ба осонӣ таслим намекунад. Соли 2019 аз боздоштгоҳи тафтишотӣ дар Русия роҳбари ҳаракати миллии толишҳо Фахриддин Аббосзода дуздида ва баъдан дар Озарбойҷон пайдо шуд. Ӯро 16 сол ба зиндон маҳкум карданд. Ин сиёсатмадор соли 2020 ба таври асроромез дар зиндон даргузашт.

Маскав ба мақомот эътибор медиҳад, на ба шаҳрванд

Вакили мудофеи рус Иван Миронов ба баъзе аз паҳлӯҳои мушкилии шиносномаи русӣ ишора кард:

  • "Якум. Мавридҳои зиёде вуҷуд дорад, ки шаҳрвандии Русияро бо қонунвайронкуниҳои зиёде медиҳанд. Зоҳиран барои беҳтар кардани вазъияти демографӣ ва ҷалби нерӯи кор ба зодаҳои кишварҳои хориҷии наздик сабукӣ дода мешавад. Ва ин гуна шиносномаҳое, ки аз нигоҳи қонун осебпазиранд, хеле зиёданд. Бекор кардани шаҳрвандӣ дар ин гуна мавридҳо кори осон аст.
  • Дувум. Ҳоло додгоҳҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳатӣ ба манфиатҳои шоҳони маҳаллии ҳоким дар ҷумҳуриҳои осиёӣ мувофиқ мешаванд. Фикр мекунам, кадом як тавофуқи ғайрирасмие вуҷуд дорад, ки дар сурати дархост шудан шаҳрвандони нохушоянд зуд ба кишварашон бадарға шаванд."

Ба гуфтаи ӯ, ҳама гуна дархост аз кишварҳо сарфи назар аз демократӣ будану набуданаш, дар Русия ҳамчун дархости давлатӣ пазируфта мешавад. Ҳукуматдорони Русия ба хотири баъзе нафароне, ки фаъолиятҳои оппозитсионӣ доранд, намехоҳанд бо шариконашон вориди баҳс шаванд.

Бино ба маълумоти барӯйхатгирии соли 2010 дар Русия, 250 ҳазор зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии ин кишварро гирифта буданд. Дар даҳсолаи охир ин раванд шиддат гирифтааст. Танҳо дар соли 2019-ум 44,7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соҳиб шиносномаи Русия шуданд.

Тоҷикистон ва Русия дар соли 1995 созишнома дар бораи душаҳрвандиро ба имзо расониданд, вале Русия соли 2004 ва Тоҷикистон соли 2017 барои шаҳрвандони дутобеъиятӣ дарёфти мансабҳои давлатиро маҳдуд кард. Ҳамчунин кор дар мақомоти амниятӣ ва ниҳодҳои дигари қудратиро мамнуъ кард.