"Шиканҷаву таҳдид бисёр, озодӣ камтар аст." Амрико бори дигар Тоҷикистонро танқид кард

Энтони Блинкин, вазири корҳои Амрико

Иёлоти Муттаҳида мақомоти Тоҷикистонро барои

  • рабудани мухолифин дар хориҷа,
  • шиканҷаи боздоштшудаҳо,
  • таҳдид ба фаъолону рӯзноманигорон ва
  • маҳдудияти озодии баёну ақида

танқид кардааст.

Гузориши Амрико дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2020-ум рӯзи 30-юми март дар сомонаи Департаменти давлатӣ нашр шуд. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз вокуниш накардаанд, вале дар гузашта гуфтаанд, Амрико гузоришро бар пояи хабари матбуот менависад, ки “на ҳамеша воқеият доранд”.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо писараш Рустами Эмомалӣ

Муаллифони гузориши солона Тоҷикистонро “давлати худкома” номидаанд, ки дар он

  • президент Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 дар сари қудрат аст
  • бо тағйири қонун муҳлати ҳукмронии худро дароз кардааст
  • писараш Рустами Эмомалиро амалан шахси дуюми кишвар намудааст.

Ба гуфтаи муаллифон, ҳарчанд дар Конститутсияи Тоҷикистон гуногунҳизбӣ таъкид шудааст, вале ҳукумат солҳо боз гуногунандешии сиёсиро маҳдуд кардааст.

Муаллифони гузориш интихоботи порлумонии моҳи март ва интихоботи президентӣ дар моҳи октбяри соли гузаштаро дар Тоҷикистон хилофи “меъёрҳои байналмилалӣ” номидаанд. Мақомоти Тоҷикистон ва нозирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳарду интихоботро демократӣ хонданд.

Шиканҷа ва фавти маҳбусон

Дар гузориши нави Амрико гуфта мешавад, “шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон дар соли гузашта кам нашуд”. Қаблан Эътилофи зидди шиканҷа низ гуфта буд, соли гузашта аз наздикони боздоштшудаҳо 25 шикоят гирифт. Пайвандони гумонбарон гуфтаанд, маъмурони интизомӣ онҳоро барои ба дӯш гирифтани гуноҳ шиканҷа кардаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон дар ним соли гузашта сабти танҳо ҳашт мавриди шиканҷаро эътироф карда буд.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта бо вуҷуди фавти сокинон сирояти коронавирусро дер эътироф кард ва соли гузашта омори воқеиро аз сокинон пинҳон дошт. Аз ҷумла, дар бораи зиндониёни бемор ба наздиконашон сари вақт хабар дода нашудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Вазири тоҷик гуфт, касе дар зиндон аз СОVID нафавтидааст. Ба гуфтааш шубҳа доранд. ВИДЕО

Масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, дар зиндонҳо 98 нафар илтиҳоби шуш ё пневмония шуда, 11 нафар аз ин беморӣ фавтиданд. Коршиносон гуфтанд, бештари гирифторони коронавирусро дар Тоҷикистон пневония номидаанд.

Мақомот мегӯянд, аз аввал вазъ зери назорат буд ва ҳоло на танҳо дар зиндонҳо, балки дар ҳеч ҷойи Тоҷикистон касе мубталои коронавирус нест, ҳарчанд шубҳаҳо ба изҳороти мақомот боқист.

Дар гузориш аз вазъи Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мисол овардаанд, ки “таби аз меъёр баланд доштааст, вале ӯро ҳеч гоҳ ташхиси коронавирус накардаанд”.

Ҳабсҳои худсарона ва фишор ба хонаводаҳои мухолифин

Дар гузориш гуфтаанд, соли гузашта шаҳрвандони зиёде дастгиру зиндонӣ шуданд, вале мақомот ҳангоми боздошти онҳо қонунҳои кишварро риоя накардаанд ва иттиҳомоти эълоншуда нисбат ба онҳоро дар назди ҷомеа исбот накардаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар аксар ҳолат давоми 72 соат ба пайвандони онҳо аз боздошти гумонбарон хабар надодаанд.

Дар гузориш ба изҳороти созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ишора шудааст, ки дар он гуфта мешавад, аз соли 2015 ба ин сӯ, беш аз 150 нафарро дар Тоҷикистон бо итттиҳоми сиёсӣ дастгир кардаанд. Зоҳиран, дар ин гузориш ишора ба аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ шудааст, ки соли 2015 бо иттиҳоми даст доштан дар “ошӯб”-и Абдуҳалим Назарзода, муовини аввали вазири мудофиа, муттаҳам шуданд. Масъулони ҳизб даст доштанашон дар ин ошӯбро рад кардаанд.

Ба қавли муаллифони гузориш, мақомот соли гузашта аз боздошти 113 узви созмони “Ихвон-ул-муслимин” хабар доданд. Баъдан, бархе озод ва иддае дигар маҳкум шуданд. Дар умум, мақомот далели қонеъкунанда барои исботи гунаҳкории онҳо ба пайвандонашон пешниҳод накардаанд.

Асрориддин Розиқов

Муаллифон гуфтаанд, соли гузашта ба хонаводаҳои мухолифон фишорҳо идома кардааст. Аз ҷумла, Асрориддин Розиқов, писари Зубайдуллои Розиқ, фаъоли зиндонии ҳизби мамнӯи наҳзатро боздошту зиндон кардаанд ва бародарону пайвандони Ҷаннатуллоҳи Комил, узви дигари ин ҳизбро таҳти фишор қарор додаанд.

Ба гуфтаи онҳо, ҳадафи фишор ба он хотир будааст, ки пайвандони онҳо дар Аврупо аз фаъолиятҳои сиёсӣ даст кашанд. Мақомот дар суҳбат бо расонаҳо фишор ба хонаводаҳои мухолифонро инкор мекунанд.

Маҳмурод Одинаев

Дар ин гузориш аз боздошти Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демкорати Тоҷикистон, ёд шудааст. Ӯро охири соли гузашта дастгир ва баъдан ба 14 сол зиндон маҳкум карданд. Дар гузориш бо такя ба нақли пайвандони Одинаев ҳабси ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидаанд. Мақомот ӯро ба авбошӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият гунаҳкор эълон карданд.

Шобуддин Бадалов дар куҷост?

Ҳамчунин гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон дар соли гузашта рӯйхати беш аз 1400 нафарро ба ихтиёри пулиси байналмилалӣ ё Интерпол супурдаанд, ки дар миёнашон номи рӯзноманигорон ва фаъолони мухолифин низ будааст. Ба гуфтаи онҳо, ҳукумат талош кардааст, Интерполро бо ҳадафи таъқиботи сиёсии худ истифода кунад.

Ба унвони мисол, аз зиндонӣ шудани Ҳизбулло Шовализода, як мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон суҳбат шудааст, ки дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дошт. Ӯро аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод карданд ва моҳи июни соли гузашта додгоҳ ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Ҳарчанд, баъдан додгоҳе дар ин кишвар истирдоди ӯро ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ номид, вале ин мунтақиди ҳукумат бо иттиҳоми терроризм зиндонӣ шуда буд.

Шобуддин Бадалов

Нопадид шудани Шобуддин Бадалов, як фаъоли “Гурӯҳи 24” намунаи дигаре рабудани мухолифин аз Русия унвон шудааст. Бадалов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти тоҷик интиқод мекард, соли гузашта дар Русия нопадид шуд ва то ҳанӯз макони нигаҳдории ӯ маълум нест.

Мақомоти Русия дар номае ба ин гуруҳ гуфтанд, ки ӯ ба Тоҷикистон рафтааст, вале мақомоти тоҷик ҳеҷ гоҳ боздошти ӯро тасдиқ накарданд.

Озодии баён дар Тоҷикистон

Тағйирот ба қонун, ки ҷазо “барои пахши ахбори ғалат” дар бораи пандемияи коронавирусро пешбинӣ мекунад, аз сӯи муаллифони гузориш, маҳдудияти озодии баён унвон шудааст. Ин қонун соли гузашта пас аз он ки ҳукумат вуҷуди коронавирусро эътироф кард, тасвиб шуд. Коршиносон гуфтанд, ҳукумат бо ин баҳона метавонад, ба рӯзноманигорон фишор биорад ва ин банди қонунро “дастак” кунад.

Муаллифони гузориш гуфтаанд, ҳукумат дар эълони теъдоди гирифторон шаффоф набуд ва сомонаеро, ки ба пахши фавти сокинон аз бемории шубҳаовари пневмония машғул буд, баст.

Дар умум, дар соли 2020, дар расонаҳо ва рӯзноманигорон дар Тоҷикистон, ба гуфтаи муаллифони гузориши Вазорати умури хориҷаи Амрико, зери фишор кор кор кардаанд.

  • Латукӯби Абдуллоҳ Ғурбатӣ
  • маҳрумияти хабарнигорони Озодӣ аз парвонаи кор
  • фишор ба наздикони Мирзои Салимпур
  • зиндонӣ шудани Далер Шарифов
  • масдуд шудани сомонаи "Азия-Плюс"

аз намунаҳои фишор ба рӯзноманигорон дар Тоҷикистон унвон шудааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, матбуот дар Тоҷикистон озод набуд ва рӯзноманигорон аз тарс ба худсонсурӣ гузаштанд.

Озодиҳои мазҳабӣ

Дар гузориш гуфта мешавад, дар Тоҷикистон соли гузашта низ озодиҳои мазҳабӣ маҳдуд буд. Ҳодисаҳои таъқиб барои доштани риш ва ҳиҷоб сабт шудааст. Мақомот бо баҳонаи ҳифзи “фарҳангӣ миллӣ” фишор болои диндоронро афзоиш додаанд.

Ҳанӯз дар Тоҷикистон афроди то 18-сола ҳаққи ба масҷид рафтан надоранд ва бо ҳиҷоб ворид шудан ба муассисаҳои давлатӣ манъ аст. Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, масъалаи марбут ба риояи ҳуқуқи занонро дар Тоҷикистон дар нимаи соли 2021 нашр хоҳад кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: СММ барои ислоҳи вазъ дар Тоҷикистон 17 машварат дода буд, оё иҷро шуд?