Мақомот Бразил эълон карданд, ки рӯзи 30-юми март бар асари бемории COVID-19 дар ин кишвар 3780 нафар ҷон бохтанд. Дар ҳоли ҳозир, аз чор як ҳиссаи теъдоди қурбониёни рӯзонаи ин беморӣ дар саросари ҷаҳонӣ ба Бразил рост меояд.
Шумораи умумии қурбониёни ин беморӣ дар Бразил пас аз Амрико дар ҷаҳон аз ҳама бештар мебошад. Бар асари ин беморӣ дар ин кишвар 317 ҳазору 646 нафар ҷон бохтаанд.
Як навъи вируси бисёр зуд паҳншаванда ва эҳтимолан кушанда, ки барои аввалин бор дар Бразил шиносоӣ шуд ва ба P.1 маъруф аст, ҳоло боиси гирифтории бештар назар ба давраҳои ибтидоии ин пандемия шудааст. Ин афзоиш боис шудааст, ки системаи назорати беҳдоштӣ дар остонаи фалаҷ шудан қарор гирад.
Дар ҳамин ҳол, Олмон рӯз 31-уми март бинобар хатари лахта шудани хун, истифодаи ваксинаи “AstraZeneca”-ро маҳдуд кард. Мақомоти беҳдоштии ин кишвар ва масъулони бахши тандурустии 16 минтақа дар ҷараёни як нишасти изтирорӣ истифодаи муназзами ваксинаро барои афроди синашон зери 60 сол боздоштаанд.
Тибқи муқаррароти нав, одамони то 60-сола бояд имкони гирифтани ин мояро дошта бошанд, аммо танҳо бо салоҳдиди табибон ва пас аз ташхиси ҳамаҷониба.
Шуморе аз кишварҳои аврупоӣ ба шумули Олмон моҳи ҷорӣ истифода аз ин ваксинаро ба далели лахташавии эҳтимолии хун боздоштанд. Аммо пас аз таъйиди бехатар будани ваксина аз сӯи Созмони танзими доруҳои Иттиҳоди Аврупо ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дигарбора гузаронидани ин ваксинаро оғоз карданд.