Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара меравад.
Ин сафар дар пайи он сурат мегирад, ки як изҳороти Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, дар бораи Ворух бо вокунишҳо рӯ ба рӯ шудааст. Тошиев ҳафтаи гузашта гуфт, ба Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, Ворухро ба Қирғизистон дода, дар иваз аз гӯшаҳои дигари Бодканд 12 ҳазор гектар замин бигирад.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 31-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара, аз ҷумла ҷамоати Ворух сафар мекунад. Сухангӯи президент афзуд, сана ва барномаи сафар ҳанӯз дақиқ нест.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати Ворух эҳтимол рӯзи 4-уми апрел сурат бигирад, вале расман тасдиқ нашудааст. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, низ ба Ворух рафтааст.
Номи Ворух як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳои Тоҷикистон қарор дорад. Ин баҳс пас аз як нишасти хабарии Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон дар рӯзи 26-уми март сар шуд.
Тошиев, ки ҳамзамон раиси ҳайати Қирғизистон дар музокироти марзӣ аст, дар он нишаст гуфт, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, қаламрави Ворухро ба онҳо бидиҳанд ва дар иваз 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз дигар ҷой бигиранд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон то ба ҳол ба ин изҳорот расман вокуниш накардаанд. Аммо баъзе аз мансабдорони собиқу зиёиён ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин хабар вокуниш карда гуфтанд, муқобили табдили Ворух ба Қирғизистон ҳастанд.
Ҷамоати Ворух дар шаҳри Исфара бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст ва дар ин минтақа бисёре аз гӯшаҳои марзи ду кишвар аломатгузорӣ нашудааст. Сокинони ду тараф сари чанд вақт барои тақсими роҳу чарогоҳ ва обу замин ҷанҷол мекунанд ва баъзан моҷаро бо хунрезӣ меанҷомад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале қисме аз солҳост, ки таъйину аломатгузорӣ нашудааст. Қарор аст, музокироти навбатӣ дар бораи марз дар шаҳри Бишкек сурат бигирад ва шояд мақомоти Тоҷикистон бо посух ба пешниҳоди сахти Қирғизистон биёянд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Тоҷикистон баъзе "монеа"-ҳоро дар як деҳаи наздимарзӣ бо Қирғизистон "бардоштааст". ВИДЕОЯк марз, ду кишвар ва ду бархӯрд. Бишкек садо медиҳад, Душанбе сукут меварзад. САДО Қирғизистон ба Тоҷикистон гуфтааст, Ворухро диҳед, қисме аз Боткандро гиред.ВИДЕО