Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон баъзе "монеа"-ҳоро дар як деҳаи наздимарзӣ бо Қирғизистон "бардоштааст". ВИДЕО


Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гап?

Баъзе аз хандақҳоро дар сарҳади деҳаи Хистеварзи Тоҷикистон ва Арқаи Қирғизистон пӯшондаанд, вале равуои сокинони ду тараф ҳамоно иҷозат нест. Сарбозон марзро посбонӣ мекунанд ва касеро ба хоки якдигар гузаштан намемонанд. "Монеа"-ҳоро соли гузашта дар авҷи бемории коронавирус сохта буданд.

Сокинони Хистеварз мегӯянд, ҳарчанд марз бо Қирғизистон боз нашуд, пӯшондани хандақҳо равуоро дар дохили ҷамоат осонтар кард. Ба гуфтаи онҳо, ин хандақҳоро дар сари кӯчаҳое канда буданд, ки маҳалли зисти мардумро бо роҳи марказӣ мепайваст.

Фурқат Рустамов, сокини Хистеварз, рӯзи 30-юми март гуфт, як соли охир барои расидан то хона роҳи дарозеро тай мекарданд, ки ҳам вақти зиёд мегирифт ва ҳам харҷи бештар дошт. "Акнун мардум бе мушкил барои кишту кор ба саҳро рафта меоянд. Бензину газ сарфа мешавад. Қариб як сол бо роҳи дигар мерафтем, ки ҳамвор набуд ва вазъи мошинҳоро низ хароб кард", -- нақл кард ӯ.

Наворро дар инҷо тамошо кунед:

Монеаҳоро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мебардоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:48 0:00

Ҷамоати Хистеварз ва Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон беш аз 40 километр марз доранд. Аз 34 чуқурие, ки дар ин роҳҳо кофта буданд, ҳанӯз ҳамаашро напӯшондаанд.

Содирҷон Умаров, сокини Хистеварз, мегӯяд, "3-4 роҳро кушоданд, аммо чаро роҳи кӯчаи моро накушоданд? Аз ин роҳро бастан чӣ фоида? Агар аз он тараф беморӣ ояд, ҳеҷ кас намеравад, мардум ҳам ақл доранд."

Дар ҳоле ки мақомот мегӯянд, хандақҳоро бо дастури Ситоди муқобила бо коронавирус ва бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши беморӣ кандаанд, баъзе сокинон мегӯянд, эҳтимол ҳадафашон ҷилавгирӣ аз қочоқи молу маҳсулот буд.

Пештар сокинони маҳаллаҳои қирғизнишин дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки хоҳони ҳарчи зуд пӯшондани хандақҳо ва кушодани роҳҳо ҳастанд. Ба қавли онҳо, додугирифт байни ҳамсояҳо дар як соли охир кам шуда, онҳоро бо мушкили зиёд рӯ ба рӯ кард.

"Тоҷикон бензинро аз мо мегиранд. Аксаран аз ноҳияи Лайлак. Мо аз онҳо хӯрокворӣ мегирем, ки хеле арзон аст. Ҳаштод дарсади аҳолӣ камбағаланд ва аз нархи гарони хӯрокворӣ азият мекашанд", -- гуфта буд Тӯрабек Шабачаев, сокини деҳаи Арқаи Қирғизистон.

Дар деҳаҳои наздимарзӣ хабари кам шудан ё сабт нашудани гирифторони бемории ҳамагирро дар Тоҷикистону Қирғизистон бодиққат пайгирӣ мекунанд. Умед доранд, ҳарчи зуд гузаргоҳҳо боз ва додугирифт дигарбора оғоз шавад.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, вале то кунун бештар аз 500 километри он муайяну аломатгузорӣ шудааст. Азбаски хатти марз аз байни рустову роҳ ва ҳавлии мардум мегузарад, ду тараф бо гузашти солҳо натавонистаанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти ягона бикашанд.

Ин вазъ боис ба низои сокинон ва радду бадалҳои мақомоти ду тараф шудааст. То кунун дар моҷароҳои марзӣ аз ду ҷониб даҳҳо нафар ҷон бохтаву захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG