Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон дар як ҷаласаи вижа ҷадвали парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбеву Маскав ва нархи билети сафарро эълон кард.
Азиз Набизода, муовини раиси Оҷонсӣ, рӯзи 28-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт,
- ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" ҳар ҳафта рӯзи сешанбе дар хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе ва
- ҳавопаймои "ЮтЭйр" ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар хатсайри Маскав – Душанбе – Маскав парвоз анҷом медиҳанд.
Бисёре аз корбарон дар шарҳҳои худ навиштаанд, ки ин миқдор парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбеву Маскав “хеле кам аст”. То моҳи марти соли гузашта рӯзона танҳо аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба шаҳрҳои Русия ҳудуди 10 парвоз амалӣ мешуд.
Дар ин миён бисёре аз сокинон дар бораи нархи билет пурсидаанд. Азиз Набизода гуфт: "Қарор қабул кардем ва аз ширкатҳо низ талаб намудем, ки нархи билети рафту баргашт миёни Тоҷикистону Русия аз 450-500 доллар зиёд нашавад." Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, "бисёриҳо кӯшиш мекунанд, нархи билетро беасос боло баранд. Ин ҳам барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам меҳмонҳои хориҷӣ осон нест. Дар вақти пандемия рушди ҳама соҳаҳо паст ва даромадҳо кам шудааст."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муовини раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон гуфт, бо шурӯи парвозҳо ҷараёни фурӯши билетро ҷиддӣ назорат мекунанд. Дар гузашта муҳоҷирони тоҷик аз гаронии нархи билети парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия танқид карда, гуруҳе аз хадамоти ширкатҳои Қирғизистону Узбекистон истифода мекарданд.
Русия рӯзи 25-уми март эълон кард, ки аз 1-уми апрели имсол парвози мунтазами ҳавопаймоҳоро бо Тоҷикистон аз сар мегирад. Парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар як сол қабл, моҳи марти соли 2020, бино бар паҳншавии коронавируси нав қатъ шуда буд. То кунун ширкатҳо танҳо бо парвозҳои чартерӣ шаҳрвандонро аз Русия ба Тоҷикистон меоварданд ва ё аз Тоҷикистон ба Русия мебурданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҳукумати Русия ҷузъиёти равуои тоҷикон ба қаламравашро шарҳ дод.ВИДЕОМарзи Русия ҳоло танҳо барои нақлиёти ҳавоӣ, яъне ҳавопаймоҳо кушода мешавад. Сафар бо нақлиёти заминӣ – автобусу мошин ва қатор (поезд) ҳамоно номумкин аст.
Аммо масъулини ҳукумати Русия дар посух ба дархости Радиои Озодӣ гуфтанд, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бояд маълумотномаи орӣ будан аз коронавирус (PCR Test) дошта бошанд, ки на дертар аз 3 рӯз то парвоз гирифта шудааст. Маълумотнома бояд ба забони русӣ ё англисӣ бошад.
Баста будани марзи Русия дар як соли охир боис шуд, ки даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз сафар ба ин кишвари муҳоҷирпазир маҳрум шуда, даромади хонаводаҳо низ кам гардад. Тибқи иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷират, дар соли 2020 тақрибан 130 ҳазор кас аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соле аз он пеш 76 дарсад камтар аст.
Мувофиқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, мизони пулҳои фиристодаи шахсони воқеӣ аз хориҷа ба кишвар дар соли 2020 6,3 дарсад кам шудааст. Ба маълумоти Бонки Марказии Русия, муҳоҷирон соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристодаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Русия гуфт, парвозҳои доимиро бо Тоҷикистон аз 1 апрел оғоз мекунад