Паноҳҷӯён аз Афғонистон ҷашни Наврӯзро дар Душанбе таҷлил карданд

Ҷашни паноҳҷӯёни афғон дар Душанбе

Дар сафорати Афғонистон дар Душанбе бо баргузории маросиме Наврӯзро таҷлил карданд ва садҳо паноҳандагони ин кишварро дар Тоҷикистон гирдиҳам оварданд. Афғонистониҳои муқими Тоҷикистон рӯзи 25-уми март дар толори “Ҳафт авранг” хушҳолӣ доштанд, аммо ҳамзамон аз дурии наздиконашон таассуф мекарданд.

Қабл аз оғози ҷашни Наврӯз дар сафорати Афғонистон дар Душанбе, намоиши ҳунарҳои дастии паноҳандагон сурат гирифт.

Фаришта Ғанӣ, муҳоҷири афғонистонии муқими Тоҷикистон, мегӯяд, ҳарчанд тоҷикону афғонҳо фарҳанги муштарак доранд ва таҷлил аз Наврӯзро тақрибан яксон баргузор мекунанд, эҳсоси дурӣ аз ватанро наметавонанд канор гузоранд.

Дар ин маросим чунин эҳсосотро танҳо Фаришта Ғанӣ дар зеҳн надошт. Баъзе аз меҳмонони ин маросим ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳарчанд суннатҳои наврӯзии онҳо ва мардуми Тоҷикистон ба ҳамдигар наздиканд, дорои фарқиятҳое низ будааст. Аз ҷумла, гузоштани китоби “Қуръон” ва моҳиву сикка дар дастархони Наврӯзӣ, ки дар кишварҳои дигар камтар дида мешавад.

Шаймо Тоҳирӣ, паноҳандаи дигари афғон мегӯяд, ҳадаф аз гузоштани китоби “Қуръон” он буд, ки “мусалмон ҳастем, соли навро бо ёди каломе аз Худо оғоз кунем. Моҳиро ба хотири он мегузорем, ки зиндагиамон ҷовидон бошад. Сиккаро ба он хотир мегузорем, ки Худованд даромадамонро афзун кунад. Нонро мегузорем, ки Худованд ба мо ризқу рӯзии ҳалол диҳад. Сирро мегузорем, ки барои саломатӣ ва тандурустӣ муфид аст. Ҳамчунон себ."

Тоҷикистон мизбони садҳо паноҳҷӯ аз Афғонистон аст ва онҳо дар канораи Душанбе зиндагӣ мекунанд. Муҳаммадзоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон,рӯзи 25-уми март гуфт, сокинони Тоҷикистон бо камбуди шадиди ҷойи корӣ рӯ ба рӯ ҳастанд ва, аз ин рӯ, талош мекунанд паноҳандагони афғонро бо ҷойи кор таъмин кунанд.

Сафир гуфт, “касоне, ки дар ин ҷо ба ҳунарҳои дастӣ машғул ҳастанд, аз кори худ розӣ мебошанд. Мо талош мекунем, ки бештар заминаҳои кориро барояшон фароҳам биорем”.

Тибқи иттилои сафорати Афғонистон дар Душанбе феълан дар Тоҷикистон 6,5 ҳазор паноҳанда аз кишвари ҳамсоя ба сар мебаранд. Аксари онҳо дар шаҳри Ваҳдат, дар канори Душанбе, зиндагӣ мекунанд.

Дар гузашта чанде аз паноҳандагон аз надоштани санад ва мушкили гирифтани шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шикоят карда буданд. Бештари онҳо мехоҳанд, ба кишвари севум ба монанди Канада ё кишварҳои аврупоӣ бираванд, аммо бо сабаби тӯл кашидани таҳқиқи парвандаашон ва дарёфти санад дар Тоҷикистон мемонанд.