Русия гуфт, парвозҳои доимиро бо Тоҷикистон аз 1 апрел оғоз мекунад

Акс аз бойгонӣ

Русия аз 1-уми апрел парвози мунтазами ҳавопаймоҳоро бо Тоҷикистон аз сар мегирад, аммо парвоз ҳафтае як бор дар назар аст. Ҳамзамон маълум нест, иҷрои онро ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба уҳда доранд, ё аз Русия. Парвозҳои доимии ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар як сол пеш бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавирус қатъ шуда буд.

Хабаргузории давлатии РИА Новости рӯзи 25-уми март навишт, Русия аз оғози моҳи апрел парвозҳои мунтазамро бо Тоҷикистону Олмон, Венесуэла, Сурия, Узбекистон ва Шри-Ланка барқарор мекунад. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабар надоданд. Манобеи наздик ба ҳукумат рӯзи 25-уми март гуфтанд, ба зудӣ ин масъаларо дақиқ кардаву ба матбуот хабар медиҳанд.

Татяна Голикова, муовини нахуствазири Русия, рӯзи панҷшанбе ба расонаҳои Русия гуфт, тасмими боз кардани парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистон ва панҷ кишвари дигарро Михаил Мишустин, сарвазири ин кишвар дар ҷаласаи ситоди мубориза ба зидди COVID-19 эълон дошт.

Русия баъди бештар аз ним сол "посух" дод

Парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия як сол қабл, моҳи марти соли 2020, бино бар паҳншавии коронавируси нав қатъ шуда буд. То кунун ширкатҳо танҳо бо парвозҳои чартерӣ шаҳрвандонро аз Русия ба Тоҷикистон меоварданд ва ё аз Тоҷикистон ба Русия мебурданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз тобистони соли гузашта гуфтанд, ки барои аз сар гирифтани парвозҳои мунтазам бо Русия омода ҳастанд. Ҷониби Русия танҳо дар оғози имсол гуфт, баъд аз сафари мутахассисони “Роспотребнадзор” ба Тоҷикистон ва хулосаи онҳо дар бораи вазъи беҳдоштӣ дар мавриди парвозҳо тасмим мегирад.

Мутахассисони “Роспотребнадзор” охири ҳафтаи гузашта ва пас аз дидани шифохонаву озмоишгоҳҳои Тоҷикистон ба Русия баргаштаанд, аммо хулосаи ниҳоии онҳо эълон нашудааст. Рӯшан нест, тасмим дар бораи азсаргирии парвозҳои мунтазам ба хулосаи онҳо рабт дорад, ё не.

Таъхири Русия дар мавриди аз сар гирифтани парвозҳо бо Тоҷикистон ҳадсу гумонҳоеро дар бораи муносибатҳои ду шарики стратегӣ ба бор овард.

Ҳадсу гумонҳо, ЕАЭС ва радди мақомот

Баъзе аз нозирони умур гуфтанд, эҳтимол Маскав бо ин роҳ барои ворид шудани Душанбе ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) фишор меорад. Дар ҳоле ки Русия аз моҳи сентябри соли 2020 тамосҳои ҳавоии худро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, ки Қирғизистону Қазоқистон, Беларус ва Арманистон шомили он ҳастанд, барқарор намуд.

Вале ин гумонҳоро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, дар нишасти матбуотии рӯзи 15-уми феврал рад кард. Ба гуфтаи ӯ, Русия ҳеч шарте пеши рӯйи Тоҷикистон, аз ҷумла вуруд ба ЕАЭС-ро нагузоштааст.

Баста будани марзи Русия боис шуд, ки даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аз сафар ба ин кишвари муҳоҷирпазир маҳрум шуда, даромади хонаводаҳо низ кам гардад. Тибқи иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷират, дар соли 2020 тақрибан 130 ҳазор кас аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соле аз он пеш 76 дарсад камтар аст.

"Даромади хонаводаҳо низ камтар шуд"

Мувофиқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, мизони пулҳои фиристодаи шахсони воқеӣ аз хориҷа ба кишвар дар соли 2020 6,3 дарсад кам шудааст. Ба маълумоти Бонки Марказии Русия, муҳоҷирон соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристоданд ва ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар аст.

Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Миёни кишварҳо шартномаи шарикии стратегӣ вуҷуд дорад. Бино ба натиҷаҳои моҳи январ – октябри соли 2020, гардиши молу коло миёни ин ду кишвар 800 миллион долларро дар бар гирифт, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019-ум 6 дарсад камтар аст.

Дар қаламрави Тоҷикистон калонтарин пойгоҳи низомии берун аз қаламрави Русия – Пойгоҳи 201 вуҷуд дорад, ки шумораи хидматчиёни он бештар аз 7,5 ҳазор нафар аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дӯстии паси дарҳои баста. Оё Русия роҳашро бо Тоҷикистон мекушояд?Умеди муҳоҷирони тоҷик барои зудтар боз шудани роҳ ба Русия. Нигарониҳо низ боқист. ВИДЕОШаҳрвандони Русия бо талаби бозгашт ба ватан дар Душанбе ҷамъ омаданд. ВИДЕОДар Душанбе сабаби гаронии билети бозгашт аз Русияро шарҳ доданд