Арзиши аслии билети парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон чанд аст ва чаро қимати гуфтаи мақомот бо он чи муҳоҷирон дар амал таҷруба мекунанд, дуруст намеояд? Ин пурсише буд, ки хабарнигорон рӯзи 27-уми июл дар нишасти матбуотии роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон дар миён гузоштанд.
Дар охири моҳи гузашта сафири Тоҷикистон дар Русия гуфта буд, ки арзиши билетҳо то 24 ҳазор рубли русӣ ё муодили бештар аз 300 доллар аст ва дар муқоиса ба нархи пешинаи парвозҳо "чандон гарон нест". Бархе аз муҳоҷирон тасдиқ мекунанд, ки бо нархи гуфтаи мақомот билет дастрас кардаанд, вале гуруҳе дигар ҳар рӯз шикоят доранд, ки билетҳоро ду баробар ё аз он ҳам гаронтар харидаанд.
Яке аз корбарони сомонаи Радиои Озодӣ бо номи "Гулӣ" рӯзи 27-уми июл навиштааст, "ҳамаи мусофироне, ки дар Русия дармондаанд, мехоҳанд ба ватан баргарданд. Яке аз онҳо ман. Дар шаҳри Химки ҳастам ва вақте нархи билетро фаҳмидам, гуфтам, хубтар аст дар мусофират бимонам."
Дилшод Исматуллозода, раиси ширкати "Тоҷик Эйр", рӯзи 27-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, "билетҳо барои парвозҳои чартерӣ чандон гарон нест". Вале ҳамзамон афзуд, дар сурате ки ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия холӣ раванд, ҳангоми бозгашт "нархи билет ва хизматрасониҳо ҳатман 40 дарсад боло мераванд".
"Агар нархи миёнаи билетҳоро ҳисоб кунем, бо назардошти пешниҳоди сабукиҳо барои мусофирони то 12-сола, фикр мекунам, билетҳо ба парвозҳои чартерии мо чандон қимат нестанд", -- афзуд ӯ.
Нархи билети парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз 300 то 500 долларро ташкил медиҳад. То давраи пандемия нархи миёнаи билетҳои парвозҳо то 250 доллар будааст. Ахиран Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар дод, ки дар мавриди гарон будани нархи билетҳои ҳавопаймоӣ хулосаҳои худро ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст.
Бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳангоми интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷа ба кишвар "бесарусомонӣ баръало мушоҳида шуд". Таҳлилгари тоҷик Саидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён гуфт: "Ситоди ҷумҳуриявӣ ба иштибоҳ роҳ дода, нархи билетҳоро пешакӣ таъин накард. Мансабдорони дигар натавонистанд низоми шаффофи навбатгирӣ ва хариди билетҳоро ба роҳ монанд. Ширкатҳо аз вазъ истифода бурда, нархи билетро боло бурданд, ки боис ба эътирози ниёзмандон ва ҷомеаи маданӣ гашт."
Дар ҳоли ҳозир танҳо ширкатҳои ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" шаҳрвандонро аз Русия ба Тоҷикистон меоранд. Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистонро зарур аст, дар арсаи ҳавопаймоии шаҳрвандӣ низ сиёсати "боз"-ро пеш бигирад, то бо вуруди ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ рақобат ба вуҷуд ояд ва мушкилиҳо аз байн равад.
Қаблан Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфта буд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон тақрибан панҷоҳ дарсади бозорро дар даст доранд ва боқимонда дар ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ аст.
Парвози маъмулии ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия аз 20-уми март инҷониб қатъ шудааст. Мақомоти ду кишвар барои баргардондани шаҳрвандони худ парвозҳои чартерӣ ё ғайринақшавӣ ташкил карданд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, аз 27-уми июл ҳар ҳафта миёни Тоҷикистону Русия чаҳордаҳ парвоз анҷом хоҳад шуд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар давраи пандемия ҳашт ҳазор нафарро бо роҳҳои заминиву ҳавоӣ аз Русия ба ватан оварданд. Дар ин муддат ба сабаби камии парвозу пурра фаъолият накардан даромади ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳои Тоҷикистон кам шудааст. Икром Субҳонзода, мудири Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфт, "ширкати "Тоҷик Эйр" 70,5 миллион сомонӣ, "Сомон Эйр" бештар аз 257 миллион сомонӣ ва корхонаи воҳиди давлатии Аэронавигатсия 27 миллион сомонӣ даромад гирифтанд, ки нисбат ба соли гузашта кам аст".