Пизишки қонунии Бритониё ба хулосае омадааст, ки Ойсултон Назарбоев, набераи президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, соли гузашта бо марги табиӣ ва бар асари муътод будан ба маводи мухаддир фавтидааст. Ин хулосаи тиббӣ рӯзи 24-уми март пешниҳод шудааст.
Ойсултон Назарбоеви 29-соларо рӯзи 16-уми августи соли 2020 дар яке аз боғҳои шаҳри Лондон беҳуш пайдо карданд. Ӯ давоми чандин соли охир аз муътодӣ ба маводи мухаддир ранҷ мебурд ва пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ хонаводаи Назарбоевҳоро ба фасодкорӣ айбдор мекард.
Назарбоеви хурдӣ писари Дариға Назарбоева ва Роҳат Алиев аст. Ӯ Академияи низомии шоҳигарии Бритониёро хатм карда, ба раёсати ҷосусии Вазорати мудофиаи Қазоқистон ба кор қабул шуда буд.
Падари Ойсултон – Роҳат Алиев – собиқ дипломат ва мақомдори баландпояи ҳукумати Қазоқистон, баъди бад шудани равобиташ бо падарарӯси президенташ тарки кишвар кард ва дар Вена зиндагӣ ихтиёр намуд. Соли 2008 бо қарори додгоҳе дар Алмаато ғоибона ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Соли 2015 дар як зиндони Австрия ҷасади ӯ пайдо шуд ва фарзияи расмӣ ин аст, ки худкушӣ кардааст, вале наздиконаш ба ин бовар надоранд.
Ойсултон Назарбоев, вақтҳои охир дар шаҳри Лондон мезист ва аз ҳукумати Бритониё паноҳандагии сиёсӣ хоста буд.