Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (Committee to Protect Journalists, CPJ) рӯзи 23-юми март мақомоти Қазоқистонро даъват кардааст, ки талаботи нав барои аккредитатсияи рӯзноманигоронро дар он кишвар бозбинӣ кунанд.
"Ин талабот метавонад барои рӯзноманигорон дар додани суолҳои сахт ба мақомот монеа шавад, ки ин худ зидди мафҳуми озодии матбуот мебошад", - мегӯяд ҳамоҳангсози барномаҳои CPJ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Гулноза Саид.
Сания Тойкен, рӯзноманигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар суҳбат бо намояндагони CPJ гуфтааст, қоидаҳои нав "хидматчиёни давлатиро аз суолҳои сахт ҳимоят мекунад".
Тағйирот ба қоидаҳои аккредитатсияи рӯзноманигорон дар Қазоқистон рӯзи 27-уми март ба иҷро медарояд.
Вазорати иттилоот ва рушди ҷомеаи Қазоқистон 17-уми март қоидаи нави аккредитатсияро қабул кард, ки рӯзноманигоронро ба иҷрои талабҳои баранда ва риояи мавзуъҳои нишасти хабарӣ вазифадор мекунад.
Дар санад мафҳуми "баранда" оварда шудааст, ки "амали иштирокдорони чорабиниро ҳамоҳанг, риояи мавзуъҳои он аз сӯи иштирокдорон ва тартиботи ҷамъиятиро таъмин мекунад".
Лоиҳаро 24 вазорату оҷонсҳои давлатии Қазоқистон ба тасвиб расондаанд. Вале расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки лоиҳаи тасдиқшудаи санад бо худи рӯзноманигорон ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ баррасӣ нашудааст.