Масъулони Вазорати маорифи Русия гуфтанд, сафари донишҷӯёни тоҷик "вақт мехоҳад"

Елена Горожанкина ва Игор Бурулко

Намояндагони Вазорати маорифи Русия гуфтанд, ки ҷонибдори бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба он кишвар ҳастанд, вале санаи дақиқи сафари онҳоро намедонанд.

Дар умум тақрибан 26 ҳазор ҷавони тоҷик донишҷӯйи донишгоҳҳои Русия буда, қисме аз онҳо ба далели баста будани марзҳо як сол боз аз таҳсили ҳузурӣ маҳруманд.

“Рӯйхат ба муносибати нек рабт надорад”

Вазорати маорифи Русия рӯзи 20-уми март рӯйхати 25 кишвареро нашр кард, ки донишҷӯёнашон метавонанд, барои таҳсил вориди Русия шаванд. Дар ин феҳраст номи Тоҷикистон нест. Кишваре, ки аз оғози имсол пайиҳам дар бораи сабт нашудани гирифторони коронавирус хабар медиҳад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Ховар" Русияро барои боз накардани роҳ ба рӯи донишҷӯёни тоҷик танқид кардааст

Елена Горожанкина, муовини мудири Раёсати ҳамкориҳои байнулмилалии Вазорати маорифи Русия, рӯзи 24-уми март дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, рӯйхат бо дастури “Роспотребнадзор” таҳия шуда, “ба муносибатҳои неки Русия бо ин ё он кишвар ҳеч рабт надорад”.

Нишасти матбуотӣ рӯзи 24-уми март дар Душанбе баргузор шуд

Намояндагони Вазорати маорифи Русия барои ошноӣ бо вазъи донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои ин кишвар ба Душанбе омадаанд. Елена Горожанкина афзуд: “Боз шудани роҳ танҳо монеае барои вуруди донишҷӯёни тоҷик ба Русия нест. Пас аз он мушкили ҳамлу нақл ва масоили беҳдоштӣ оғоз меёбад, ки барои ҳалли онҳо вақти муайян зарур аст.”

“Таҳсили онлайн аз ноилоҷист”

Баъд аз паҳншавии бемории COVID-19, тӯли як соли охир, донишҷӯёни тоҷик маҷбур ҳастанд, онлайн таҳсили худро дар донишгоҳҳои Русия идома диҳанд. Ин вазъ мушкилотеро ба монанди гаронии нархи истифода аз Интернет ва суръати сусти он дар пай доштааст.

Донишҷӯёни тоҷик камаш ду дафъа дар назди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафорати Русия дар Душанбе ҷамъ омада, хоҳони ҳалли мушкил шуданд. Онҳо пешниҳод карданд, донишҷӯёнро тавассути парвозҳои чартерӣ ба Русия баранд, аммо мушкилашон ҳалношуда монд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз назди вазорат ба назди сафорат. Донишҷӯёни тоҷик хостанд, "роҳашонро боз кунанд" ВИДЕО

Игор Бурулко, намояндаи Вазорати маорифи Русия, гуфт, таҳсили онлайн аз ноилоҷист: "Баъзе аз донишгоҳҳо бо дарназардошти мушкили иртибот метавонанд, барои донишҷӯён гузашт кунанд, вале муқаррароти раванди таҳсилро касе бекор накардааст. Агар донишҷӯе бо кадом сабаб натавонист, дар раванди таҳсил ширкати пурра дошта бошад, бояд муррахасӣ гирад ё қарзҳояшро дертар супорад."

Гӯшу ҳуш ба хулосаи мутахассисони “Роспотребнадзор”

Бо ин ҳол, намояндаҳои Вазорати маорифи Русия дақиқ нагуфтанд, ки чӣ замоне барои вуруди донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил дар ин кишвар иҷозаи расмӣ дода мешавад.

Ба гуфтаи онҳо, Ситоди Русия барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир ин мавзуъро дар меҳвари баррасӣ қарор додааст. Ҳамчунин гуфта шуд, хулосаи мутахассисони “Роспотребнадзор” дар бораи вазъи беҳдоштии Тоҷикистон метавонад, дар ин амр нақши калидӣ дошта бошад.

Гуруҳе аз мутахассисони “Роспотребнадзор” ҳафтаи гузашта бо кори бемористонҳову озмоишгоҳҳои кишвар ошно шуда, ба Русия баргаштаанд. Масъулони сафорати Русия дар Тоҷикистон низ мегӯянд, мунтазири гузориши ниҳоӣ ҳастанд. Чанде пеш Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон кард, ки ҳудуди 26 ҳазор ҷавони тоҷик ба донишгоҳҳои Русия шомил шудаанд.