Интизор меравад, ки Иттиҳоди Аврупо қоидаҳои нави маҳдудкунандаи содироти воксинаҳои зидди COVID-19 ба Бритониё ва дигар кишварҳоро бо сабаби нокофӣ будани захираҳои воксина дар ин қаламрав ҷорӣ кунад. Дар ИА мавҷи сеюми пандемия ҳукмфармо аст.
Дар тарҳи қоидаҳои наве, ки бояд 24-уми март ба баррасӣ гузошта шавад, кишварҳои истеҳсолкунандаи воксина, мисли Бритониё, ҳадаф қарор гирифтаанд ва дар он гуфта мешавад, ки ба хотири дастёбӣ ба “тавозун” ҳаҷми содироти воксина аз ҳаҷми воридоти он набояд зиёд фарқ кунад. Инчунин, агар дар кишваре мизони дастрасии сокинонаш ба эмкунӣ баланд ваё дар ин кишвар шумори гирифторони вирус камтар бошад, содироти воксина ҳам мутобиқ ба ин ҳолат танзим мешавад. Муаллифони муқаррароти нав мегӯянд, ки ҷорӣ кардани қоидаи танзими воксинаҳо ба маънои он нест, ки содирот масдуд мешавад, вале ин ҳолат ба ҳукуматҳо имкон медиҳад тасмими дуруст гиранд, ки ҳаҷми содиротро кам ё зиёд кунанд. Ин чораҳо дар ҳоле татбиқ мешаванд, ки дар қаламрави ИА дар таъмини мардум бо воксина таъхир ба вуҷуд омадааст ва дар бархе ҷомеаҳо ҳолати норизоияти сиёсӣ дида мешавад. Яке аз тадбирҳои муҷозоткунанда бар асоси ин санад ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи воксина рабт мегирад. Агар ин ширкатҳо дар интиқоли воксинаҳои фармоишшуда дер карданд, муҷозот мешаванд. То ҳол чунин таъхир дар таъмини воксина ба ИА аз ҷониби ширктаҳои AstraZeneca ва Johnson & Johnson мушоҳида мешавад