Додгоҳе дар Украина тамоми моликияту саҳмияҳои ширкати “Мотор Сич”-ро мусодира кардааст, ки яке аз бузургтарин ширкатҳои истеҳсолкунандаи муҳаррикҳои чархбол ва ҳавопаймо дар ҷаҳон аст. Кумитаи амнияти миллии Украина рӯзи 20-уми март амр дод, ки тамоми моликияту мудирияти ширкат ба ихтиёри ҳукумат дода шавад, зеро онро аз роҳҳои ғайриқонунӣ ва ҷиноят хусусӣ кардааанд.
Қарори мазкур, зоҳиран Чинро асабонӣ мекунад, ки як ширкати он бо номи “Скайризон” қасд дошт, саҳмияҳои “Мотор Сич”-ро бихарад. Ҳукумати Амрико моҳи январ ширкати “Скайризон”-ро ба феҳрасти сиёҳ ворид кард ва гуфт, ки талоши он барои ба даст овардани технологияҳои украинӣ хатари истифодаи он барои ҳадафҳои низомиро дорад.
Ду ҳафта баъди ин Володомир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, ба зидди чаҳор ширкати чинӣ аз ҷумла “Скайризон” таҳрим эъмол кард. Аввали ҳамин моҳ мақомоти баландпояи Украина гуфтанд, ки қасд доранд, “Мотор Сич”-ро бинобар аҳамияти стратегиаш ба ширкати давлатӣ табдил диҳанд.