Беморие, ки Русия барои он муҳоҷиронро ҳаргиз "намебахшад"

Русия яке аз 19 кишвари ҷаҳон аст, ки хориҷиёнро барои гирифторӣ ба бемории ВИЧ, вируси норасоии масунияти бадан, аз қаламраваш меронад. Бино бар ин, муҳоҷирони бемор аз хавфи "депортатсия" шудан ба табибон муроҷиат намекунанд ва ба кору будубоши ғайриқонунӣ идома медиҳанд.

Сардор 24-сола аст. Ӯ нӯҳ сол пеш, замоне ки волидонаш аз ҳам ҷудо шуданд ва модараш ба муҳоҷирати корӣ рафт, аз Қирғизистон ба Русия кӯчид. "Орзу доштам, ки бихонам ва соҳиби маълумот шавам. Пизишк шавам, аммо ба Русия омадам, ҳарчанд бо ин забон ягон калима гап зада наметавонистам", – нақл кард вай.

Агар раванди муҳоҷиратро хуб ба роҳ монанд, ҳамаҷониба судовар хоҳад буд. Муҳоҷират омили хатар нест.
Даниил Кашнитский

Сардор то шонздаҳсолагӣ дар корхонаи хиштбарорӣ, дар як минтақаи наздик ба Новосибирск, кор мекард. Пас аз он ба Қирғизистон баргашту шиноснома гирифт ва дигарбора ба Русия рафт.

Ин дафъа дар Маскав ҷойгир шуд ва дар онҷо аз роҳрӯбӣ то ошпазиро таҷриба кард. Соли гузашта дар айёми зимистон бемор шуд ва ҳангоми ташхис огаҳӣ ёфт, ки ба бемории вируси норасоии масунияти бадан мубтало гардидааст.

Як созмони ғайридавлатӣ ба вай дар дарёфти давои зидди вирус мадад мекунад. Ӯ ба кишвараш баргаштан намехоҳад. Мегӯяд, дар онҷо муносибат бо гирифторони ВИЧ сода нест, "табъиз мешавад". Дар бораи бемор буданаш ба наздикон низ чизе намегӯяд.

Чӣ гуна хориҷиёнро ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ табдил медиҳанд?

Ҳомиёни ҳуқуқ солҳо боз барои татбиқи адолат нисбат ба Сардор ва шахсони монанди ӯ кӯшиш доранд, то дар Русия бе тарс зиндагӣ кунанд. Аммо Русия яке аз нуздаҳ кишвари ҷаҳон аст, ки хориҷиёнро барои гирифторӣ ба ВИЧ ҳаргиз “намебахшад”. Ин маҳдудиятро соли 1995 ба қонун ворид кардаанд.

Агар як хориҷӣ, масалан, барои гирифтани патент ва ё санади шаҳрвандӣ расман аз ташхиси ВИЧ гузарад, натиҷааш ба “Роспотребнадзор” дастрас мешавад. Дар сурати мусбат будани ҷавоби ташхис ин идора будубоши шаҳрванди хориҷиро дар ҳудуди Русия манъ мекунад ва ҳуҷҷатро ба Вазорати корҳои дохилӣ мефиристад. Дар ин гуна ҳолат бояд шаҳрванди хориҷии мубтало ба вирус худ аз кишвар берун шавад, аммо аксари онҳо дар Русия ғайриқонунӣ мемонанд.

Даниил Кашнитский, ҳамоҳангсози Гурӯҳи коршиносони минтақавӣ дар мавриди сиҳҳатии муҳоҷирон, мегӯяд, “пайдо кардани онҳо осон нест. Муҳоҷирон на ҳамеша дар маҳалли сабт зиндагӣ мекунанд. Илова ба ин, “депортатсия” харҷ дорад. Беморони ВИЧ низ беҳтар медонанд, ки аз ҳудуди кишвар берун нараванд, чун ҳаргиз баргашта наметавонанд."

"Эпидемияи пинҳонӣ"

Пажӯҳишгоҳи Вазорати молияи Русия имсол таҳқиқотеро дар бораи мубориза бо бемории ВИЧ дар он кишвар муаррифӣ кард. Дар он дар мавриди муҳоҷирон низ ишора шудааст. Муаллифон гуфтаанд, "яке аз иллатҳои афзоиши гирифторӣ ба ВИЧ дар миёни аҳолии Русия миқёси афзояндаи эпидемияи пинҳонӣ аст, ки онро муҳоҷирон аз Молдова, Тоҷикистон, Узбекистон ва Украина ташкил кардаанд."

Мавқеи шаҳрвандони Қирғизистон фарқ мекунад. Ба далели он ки кишвар узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст, муҳоҷиронаш ба мисли тоҷикҳову узбекҳо ба гирифтани патент ва гузаштан аз санҷиши ВИЧ ниёз надоранд.

"Ин гуфтаҳо нодуруст аст. Баръакс, агар раванди муҳоҷиратро хуб ба роҳ монанд, ҳамаҷониба судовар хоҳад буд. Муҳоҷират омили хатар нест", – мегӯяд Кашнитский.

Тибқи иттилои "Роспотребнадзор", дар соли 2017 дар Русия 2,5 миллион хориҷӣ аз ташхиси ВИЧ гузашта, бемории беш аз 32 ҳазор нафар, аксаран аз Украинаву Узбекистон ва Тоҷикистон, ошкор шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Солҳо бо ВИЧ зиндагӣ дорам." Рӯзгори зане, ки мегӯяд, шавҳараш ӯро бемор кард. ВИДЕО

"Дар солҳои 2014-2015 дар байни шаҳрвандони хориҷӣ, асосан аз Украина, ки ба таври оммавӣ ба Русия сафар кардаанд, 4000-4500 ҳолати нави сирояти ВИЧ ошкор карда шуд. Ҳоло дар як сол тақрибан 3500 ҳолат ошкор карда мешавад. Муҳоҷирони гирифтори ВИЧ зиёданд, аммо баъзеҳо пинҳонӣ аз санҷиш мегузаранд ва баъзеи дигар медонанд, ки мубталои бемориянд ва худро ташхис намекунанд", -- гуфта буд он замон намояндаи "Роспотребнадзор".

“Ёрӣ ба беморони ВИЧ арзонтар аз табобати СПИД аст”

Кирилл Барский, ҳамоҳангсози барномаи Бунёди "Шаги", яке аз созмонҳои ғайридавлатӣ, аз соли 2004 ба ин сӯ ба муҳоҷирони мубталои ВИЧ мадад мекунад. Ӯ мегӯяд, “танҳо дар соли 2020 беш аз 2000 кас муроҷиат карданд.”

Камоли 36-сола аз Туркманистон яке аз онҳоест, ки Бунёди “Шаги” барои пурра ба по хестани ӯ ёрӣ расондааст. Ӯ даҳ сол пеш ба Русия рафта, дар барорбари таҳсил боркашониву ошпазӣ мекард, то харҷи хондану зистанро ёбад. Камол соли 2014 ҳангоми нав кардани дафтарчаи тиббӣ ва пас аз супурдани ташхиси ВИЧ фаҳмид, ки ба беморӣ мубтало шудааст.

"Ман дар аввал нафаҳмидам, ки ин чӣ аст. Дафтарчаи тиббиямро надоданд. Бе он аз кор ронданд. Баъд дар як клуби шабона бе қарордод ба ҳайси тамизкор фаъолият кардам. Ҳар рӯз аз 1500 то 2000 рубл меёфтам", – нақл кард ӯ.

Аммо вазъи саломатияш рӯз то рӯз вазнин мешуд ва ба бемористон рафт. Дар онҷо гуфтаанд, беморияш “куҳна” шудааст ва бо кумаки кормандони Бунёди “Шаги” тавонистааст ба табобат машғул шавад.

"Ҳоло дар ҷойҳое кор мекунам, ки дафтарчаи тиббӣ ва қарордод зарур нест. Ҳар рӯз ба табобат машғулам. Барои ин дар як моҳ 10 ҳазор рубл харҷ мешавад. Ман мубталои ВИЧ ҳастам, беморие, ки бо он дар Маскав зистан мумкин аст, вале дар Туркманистон на”, -- мегӯяд ӯ.

Даниил Кашнитский мегӯяд, бекор кардани ин меъёри “депортатсия” ба манфиати иқтисоди Русия низ ҳаст. Вай мегӯяд, дар он сурат муҳоҷирон зуд аз пайи давову дармон мешаванд ва ВИЧ ба СПИД табдил намеёбад. Беморие, ки вазнин асту табобаташ гарон.

Ихроҷи наздикони мубталои ВИЧ манъ аст, аммо идома дорад

Баъзе аз созмонҳои ғайридавлатӣ солҳо боз барои лағви ин банди қонун талош доранд. Номаи аввал бо ин мазмун моҳи майи соли 2018 ба ҳукумати Русия фиристода шудааст.

Кашнитский мегӯяд, “дар ин номаҳо ҳамеша як меъёр зикр мешавад, яъне хориҷиёни мубталои ВИЧ, ки пайвандонашон шаҳрвандони Русия ҳастанд, метавонанд дар кишвар бимонанд. Дар асл танҳо чанд нафар ба он муваффақ шудаанд. Бино бар ин, ин меъёр бояд пурра бекор карда шавад, зеро барои муҳоҷирон, Русия ва буҷаи он зарар дорад. Аз нигоҳ доштани ин банди қонун ҳеч фоидае нест.”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ташхиси тиббӣ – "справка"-и бозгашти муҳоҷирон ба Тоҷикистон

Қарори Додгоҳи Қонуни асосии Русия дар бораи он ки агар ҳамсар, фарзанд ва ё волидони як хориҷии мубталои ВИЧ шаҳрванди Русия ҳастанд, пас, ӯ метавонад дар ин кишвар бимонад, соли 2015 қабул шудааст, аммо на ҳамеша кор медиҳад.

Алишер аз вилояти Андиҷони Узбекистон аст. Ӯ соли 2013 аз паси волидонаш ба Русия рафт. Падараш шаҳрванди Русия аст. Ӯ дар аввал бо пайвандон дар яке аз минтақаҳои Русия мезист, вале баъди ошноӣ бо як бонуи рус ба Маскав кӯчид.

Онҳо соли 2015 соҳиби духтар ва соле баъд соҳиби писар шуданд. Зану шавҳар никоҳи расмӣ надоштанд, аммо дар шаҳодатномаи таваллуди кӯдакон Алишерро ҳамчун падар зикр кардаанд. Ӯ соли 2017 хост, санади муваққатии зист дар Русияро бигирад ва барои ин кор гузаштан аз ташхиси ВИЧ зарур шуд. Ҷавоб мусбат буд.

Ӯ мегӯяд, намедонист, ки дари Русия ба рӯи муҳоҷирони мубталои ВИЧ барои ҳамеша баста мешавад ва, бино бар ин, баҳори соли 2018 ба Узбекистон рафт. Дигарбора баргашта натавонист. Барои бозбинии қарори “Роспотребнадзор” ба Додгоҳи ноҳиявии Хабаровск шикоят бурданд, аммо додгоҳ моҳи декабри соли 2019 қарорро бетағйир гузошт.

"Ман чанд сол боз масъули ин парванда будам, -- мегӯяд Олга Белоусова, як вакили мудофеъ, ки ба муҳоҷирон дар чунин мавридҳо кумак мекунад. Ҳоло ҳамсараш вакили мудофеи дигар киро кардааст, ки аз манфиатҳои Алишер дар додгоҳҳои Русия ҳимоят кунад... Феълан ӯ танҳо тавассути паёмрасонҳои видеоӣ фарзандонашро мебинаду бас."

Аммо ин вакили мудофеъ гуфт, ҳолатҳое низ ҳастанд, ки қазия бо хушӣ поён ёфтааст. Ҳоло ӯ парвандаи занеро аз Қазоқистон дар даст дорад, ки ҳамроҳи шавҳару ду фарзандаш барои гирифтани шаҳрвандии Русия муроҷиат карда буд.

"Дархости онҳоро рад карданд, чун зан бемории ВИЧ дошт. Зан аз шавҳараш ҷудо шуд ва ба ӯву фарзандонаш имкон дод, ки шаҳрвандии Русияро бигиранд. Ӯ як сол дар Қазоқистон зист ва фарзандонашро надид. Пас аз онки шавҳар ва фарзандонаш шаҳрвандӣ гирифтанд, оила қарор кард, дигарбора якҷо шаванд. Мо дар бораи зан аз "Роспотребнадзор” маълумот хостем. Ба мо ҷавоб доданд, ки номаш дар рӯйхати шахсони мамнуъ-ул-вуруд нест. Ҳоло санадҳоро омода дорем ва билохира ин хонавода якҷоя мешаванд”, -- нақл кард Белоусова.

"Меъёри “депортатсия” на танҳо кӯҳна шудааст, балки зиёновар аст"

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Муоинаи маҷбурии СПИД дар миёни муҳоҷирони Ӯзбакистон

Ҳамоҳангсози Гурӯҳи коршиносони минтақавӣ оид ба саломатии муҳоҷирон, Даниил Кашнитский, мегӯяд, ихроҷи муҳоҷирон ба далели гирифторӣ ба ВИЧ кайҳо куҳна шудааст. Вай афзуд: “Соли 1995 ин меъёри қонунро қабул карда буданд, чун табобати хориҷиён ва шаҳрвандони Русия аз ВИЧ муассир набуд ва одамон аз ин беморӣ зуд мемурданд. Бо шарофати доруҳои муосир, ки сол аз сол арзонтар мешаванд, табобати одамон назар ба ихроҷи онҳо аз кишвар хеле фоидаовар аст."

Кирилл Барский аз Бунёди “Шаги” мегӯяд, мақомот пайваста ба он таъкид мекунанд, ки "хориҷиён бемориро паҳн мекунанд", ҳарчанд касе инро тасдиқ ва ё исбот карда наметавонад.

"Аммо ин масъала на аз тарафи вакилон, балки аз ниҳодҳои иқтисодӣ матраҳ мешавад. Онҳо бовар доранд, ки бояд барои табобати хориҷиён аз буҷаи давлат пул диҳанд", -- мегӯяд Барский.

Даниил Кашнитский мегӯяд, Русия набояд тарсад, ки агар ин меъёри қонуни депортатсия бекор карда шавад, хароҷоти табобати хориҷиён ба дӯши онҳо меафтад: “Кормандони марказҳои мубориза бо СПИД дар кишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо барои дастрас кардани дору омодаанд, балки аллакай ин корро мекунанд. Ба муҳоҷиронашон, новобаста аз он ки дар Русия истиқомат доранд, дору мефиристанд."