Вазири тандурустии Покистон хабар дод, ки нахуствазири ин кишвар, Имрон Хон, ба коронавируси нав мубтало шудааст. Файсал Султон, мушовири вижаи ӯ дар умури пизишкӣ, рӯзи 20-уми март дар Твиттер навишт: "Имрон Хон гӯшанишинӣ мекунад". Ин дар ҳолест, ки вай ду рӯз пеш ваксинаи зидди коронавирус гирифта буд. Дар Покистон аз ваксинаи Sinopharm истифода мекунанд. Чин дар моҳи феврали имсол ба Исломобод ним миллион воя ё доза чунин ваксина дода буд. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз, коронавирус дар Покистон ба беш аз 11,5 миллион кас сироят карда, боис ба марги тақрибан 160 ҳазор кас шудааст. Бештари беморонро дар Панҷоб, вилояти калонтарин ва бойтарини Покистон, сабт кардаанд. Мақомот сабабҳои афзоиши бемориро ба таҷаммӯи зиёди мардум ва риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла нагирифтани ниқоби тиббӣ рабт медиҳанд.