Ширкати ҳавопаймоии "Узбекистон ҳаво йулларӣ" тасмим гирифтааст, ки аз аввали моҳи апрел теъдоди парвозҳои мунтазам ба шаҳри Душанберо бештар кунад.
Ба огаҳии ширкат, сар аз 3 апрел парвозҳо ба Душанбе ҳафтае ду бор -- чоршанбе ва шанбе анҷом мешаванд. Пештар ҳавопаймоҳои "Узбекистон ҳаво йулларӣ" ҳафтае як бор ба Душанбе парвоз мекарданд.
Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон миёнаҳои моҳи марти соли равон хабар дода буд, ки парвозҳои мунтазам миёни Душанбе ва Тошканд рӯзҳои наздик оғоз хоҳад шуд.
Парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз моҳи марти соли гузашта ба ин тараф қатъ шуда буд.