Шахсони ношинос хабар додаанд, ки дар 12 мактаб дар шаҳри Алматои Қазоқистон маводи тарканда ҷой карда шудааст. Дар ин бора Раёсати пулиси шаҳр хабар дод.
Дар иттолияи пулиси Алмато, ки субҳи 19-уми март нашр шуд, омадааст, "дар ҳоли ҳозир минаҷӯён биноҳои мактабҳоро тафтиш доранд.” Дар хабар гуфта нашудааст, ки чӣ қадар одамро ба ҷойи амн кӯчонданд.
Хабари "бомгузорӣ" шудани бинои мактабҳо ба почтаи электронии муассисаҳои таълимӣ фиристода шудааст. Муаллифони хабар гуфтаанд, агар ба ҳисоби онҳо пул гузаронида нашавад, мактабҳоро метарконанд.
Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Расонидани хабари дурӯғ дар бораи амали террористӣ" парванда кушодаанд.