Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин ва Покистон дар якҷоягӣ ҷонибҳои даргири Афғонистонро ба оташбаси фаврӣ даъват карданд. Изҳороти муштараки чаҳор кишвар дар ҳоле садо дод, ки то фурсати ниҳоии берунрафти нерӯҳои ИМА аз Афғонистон пас аз тақрибан 20 сол вуруди онҳо ҳамагӣ шаш ҳафтаи дигар мондааст. "Дар ин нуқтаи чархиш чаҳор кишвари мо ҷонибҳоро ба гуфтушунид ва сулҳе даъват мекунанд, ки бояд ба ҷанги зиёда аз чиҳилсолаи Афғонистон хотима диҳад", - омадааст дар изҳороти муштараке, ки пас аз анҷоми гуфтушунид дар Маскав рӯзи 18 март нашр шуд. Дар ин изҳорот аз Толибон ва нерӯҳои ҳукуматӣ хоста шудааст, ки аз хушунат ҷилавгирӣ кунанд ва ба эълони ҳуҷуми давраи баҳору тобистон роҳ надиҳанд. Дар он ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин бо расидан ба сулҳу созиш чаҳор кишвар пуштибонии сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистонро тақвият хоҳанд дод. Мурод аз гуфтушуниди Маскав ин буд, ки ба музокироти байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон, ки моҳи сентябр дар Қатар сар шуд, ҷони тоза дамида шавад. Аммо пас аз иттиҳомоти ҳукумат, ки шӯришиён барои қатъи хушунат талоши хеле кам доранд, бенатиҷа монд. Дар ин нишаст аъзои ҳукумати Афғонистон, ҳайати музокиракунандаи ин кишвар, мақомоти Толибон, инчунин намояндагони Русия, Чин, Покистон ва ИМА ширкат доштанд.