Дар мусобиқаи байналмилалии бокс “Босфор” («International Istanbul Bosphorus Boxing tournament»), ки 16-уми март дар шаҳри Истамбули Туркия оғоз ёфт, муштзанҳои тоҷик низ ширкат доранд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бо иштироки варзишгарон аз 23 кишвар то 20-уми март идома меёбад, Тоҷикистонро
панҷ нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд: Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кг миёни занон, Аминҷон Сайрализода (-57 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (-75 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) миёни мардон.
Бояд гуфт, ки ду муштзани тоҷик – Баҳодур Усмонов (-63 кг) ва Шаббос Неъматуллоев (-81), ки соли гузашта роҳхати олимпӣ ба даст оварданд, ба Олимпиадаи Токио-2020 омодагӣ мебинанд.
Пеш аз Бозиҳои олимпӣ дар Токио муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки аз 21-ум то 31-уми май дар пойтахти Ҳиндустон – Деҳлӣ доир мегардад, ширкат хоҳанд кард.
Мусобиқаи қаҳрамонии пештараи бокси Осиё соли 2019 дар Бангкоки Тайланд доир шуда буд, ки дар он муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов медали тилло ба даст овард.