Раиси IAEA гуфт, барои бозгашти ИМА ба созиши Эрон ҳарду ҷониб бояд иқдом кунанд

Рафаэл Гросси, Раиси Оҷонсии назорати нирӯи ҳастаии СММ (IAEA)

Раиси Оҷонсии назорати нирӯи ҳастаии СММ (IAEA) гуфт, бозгашти ИМА ба созиши соли 2015-и атомӣ бо Эрон имконпазир аст, вале таъкид кард, ки ҳарду ҷониб бояд барои идомаи музокирот омода бошанд. Рафаэл Гросси бо ин суханҳо рӯзи 16-уми март бо як паёми видеоӣ дар назди се кумитаи Парлумони Аврупо суханронӣ кард. ИМА соли 2018 замони президентии Доналд Трамп ба таври якҷониба созиши атомии қудратҳо бо Эронро тарк кард, вале президент Ҷо Байден ишора намуд, ки Вашингтон хостори бозгашт ба ин созиш мебошад. Аз сӯи дигар, Эрон ҳоло ин созишро бо мушкил рӯбарӯ кардааст, чун дар ин охирҳо меъёри ғанисозии ураниумро аз оне, ки дар созиш муқаррар шудааст, убур кардааст. Ба қавли коршиносон, ҳадафи Эрон фишор овардан болои дигар имзогузорони созиш – Русия, Чин, Фаронса, Олмон ва Бритониё аст, то ки онҳо барои озод кардани Эрон аз таҳримҳои сангини ҷорикардаи Трамп иқдом кунанд. Эрон мегӯяд, ки пеш аз бозгашташ ба иҷрои шартҳои қарордод, ИМА бояд ӯҳдадориҳои худро иҷро ва таҳримҳоро бекор кунад. Гросси ба саволи ин ки оё ИМА қадами аввалро хоҳад гузошт ё на, гуфт, қарсак аз ду даст мешавад.