Як додгоҳӣ низомӣ, ки қарор буд даъвои мунаққиди зиндонии Кремлин Алексей Навалнийро аз рад шудани таҳқиқи ҷиноии қазияи заҳролудшавии ӯ дар моҳи августи соли 2020 баррасӣ мекард, ба таъхир гузошта шуд. Додраси додгоҳи Гарнизони 234-ум мурофиаро то 22-юми март ба таъхир гузошт, чун Навалний гуфт, ки намехоҳад дар ин мурофиа аз зиндон тавассути конфронси видеоӣ иштирок кунад. Навалний, ки чанд рӯз пеш ба зиндони рақами 2-и шаҳри Покров интиқол дода шуд, гуфт, ки дар ин муассиса назорат аз пушти ӯ бисёр сахт аст ва ҳатто шабона омада ӯро месанҷанд, ки дар утоқи зиндон ҳаст ё на. Зиндони Покров, воқеъ дар 85-километрии шарқи Маскав, бо қоидаҳои сахту сангинаш маъруф аст.
Навалний дар як шарҳаш дар Инстаграм ин зиндонро “конслагери дӯстона” сифат додааст. Ӯ навишт, ки дар ин зиндон “ҳеҷ нишонае аз хушунат” ё “алфози қабеҳ” вуҷуд надорад, вале назорат аз болои ӯ бисёр сахт аст.
Ин мунаққиди ҳукумати Русия соли гузашта замоне, ки мехост аз Сибир ба Маскав парвоз кунад, дар дохили ҳавопаймо аз ҳуш рафт, ҳавопайморо дар Омск поин оварда ӯро бистарӣ карданд, вале баъди чанд рӯзаш Навалнии беҳушро барои наҷоти ҷонаш ба Олмон интиқол доданд. Дар беморхонаи “Шерите”-и Берлин ва баъдан дар чанд озмоишгоҳи аврупоӣ гуфтанд, ки Навалнийро бо заҳри низомии “Новичок” заҳролуд кардаанд. Вақте ӯ моҳи январи имсол ба Маскав баргашт, ӯро дар нақзи қоидаи озодии шартӣ бпар асоси ҳукми додгоҳи соли 2014 гунаҳгор ва ба 2,5 соли зиндон маҳкум карданд. Ин ҳодиса эътирозҳои шадиди тарафдорони Навалнийро ба бор овард ва ғарб саркӯби эътирозгарон ва ҳабси Навалнийро маҳкум намуд.