Мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) рӯзи 16-уми март бехатарии ваксинаи AstraZeneca-ро баррасӣ мекунанд.
Баъзе аз кишварҳои аврупоӣ гуфтаанд, бо сабаби нигарониҳо аз лахташавии хун баъд аз қабули ин ваксина, муваққатан аз истифодаи он даст мекашанд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз кишварҳо хост, истифодаи ваксинаи сохтаи Бритониёву Шветсия ва Донишгоҳи Оксфордро қатъ накунанд. Чанд кишвари Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, феълан истифодаи ваксина дар қаламрави кишварҳояшон боздошта мешавад.
СҶТ гуфт, ҳеҷ далеле дар бораи иртиботи мустақими миёни ваксинаи AstraZeneca ва лахташавии хун вуҷуд надорад ва, аз ин рӯ, ба бовари мутахассисонаш "эмкунӣ бо ин ваксина бояд идома ёбад".
Се кишвари аврупоӣ – Фаронса, Олмон ва Итолиё – рӯзи 15-уми март истифодаи ин ваксинаро боздоштанд. Баъд аз онҳо, Португалия, Испания, Латвия ва Словения ҳам чунин қарор қабул карданд.
Рӯзи 14-уми март Ҳолланд ба Ирландияву Дания, Норвегия, Булғористон ва Тайланд ҳамроҳ шуд ва гуфт, истифодаи AstraZeneca-ро муваққатан бозмедорад.
Худи AstraZeneca, айнан мисли Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфтааст, далели мустақими инки баъд аз истифодаи ин ваксина хатари лахташавии хун вуҷуд дорад, дар даст нест.
Венесуэла гуфт, иҷозат намедиҳад, ки ин ваксина дар кишвар истифода шавад. Индонезия ҳам гуфт, айни корро мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ваксинаи AstraZeneca дар муқоиса ба ваксинаҳои дигари ғарбӣ аз назари нарх арзон буда, барои кишварҳои зиёди нодору ниёзманд муносиб мебошад.