Фаронса, Олмон ва Итолиё истифода аз ваксинаи "AstraZeneca"-ро мутаваққиф карданд

Ваксинаи "AstraZeneca".

Фаронса, Олмон ва Итолиё рӯзи 15-уми март ба қатори кишварҳое пайвастанд, ки истифода аз ваксинаи "AstraZeneca"-ро боздоштаанд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз кишварҳои ҷаҳон хост, раванди ваксиназаниро мутаваққиф накунанд.

Ҳолланд ва Ҷумҳурии Ирланд чанд рӯз пеш раванди гузаронидани ваксинаи AstraZeneca, сохтаи ширкати бритониёӣ-шведиро боздоштанд ва Данияву Норвегия низ аз таъсири номатлуби ин дору ба бадан, ба монанди лахташавии хун, гузориш доданд.

Булғористон ҳафтаи гузашта гузаронидани ин ваксинаро мутаваққиф кард ва Австрия низ эълом кардааст, ки қисме аз ин ваксинаро истифода нахоҳад кард.

Фаронса, Олмон ва Бритониё то чанд рӯз пеш ба гузаронидани ин ваксина идома доданд ва эълом карданд, ки то ба ҳол далеле барои нигаронӣ мушоҳида нашудааст.

Дар Осиё низ ҳукумати Тайланд рӯзи душанбе гуфт, гузаронидани ин ваксинаро пас аз дарёфти аввалин бастаҳо дар ҳафтаи ҷорӣ оғоз мекунад, вале Индонезия эълом кардааст, мунтазири баррасии натиҷаҳои санҷиши нави Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хоҳад монд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ эълом кард, ки бахши таҳқиқотии ин ниҳод дар ҳоли баррасии натиҷаҳои озмоишҳои вобаста ба "таъсири номатлуб"-и ваксинаи AstraZeneca аст ва ба зудӣ натиҷаҳои онро эълом хоҳад кард.

Ин созмон бо ин вуҷуд таъкид кард, ки ба эҳтимоли зиёд тавсияҳои пешини худро дар бораи истифода аз ин ваксина, ҳатто дар кишварҳое, ки навъҳои нави ин вирус паҳн шудааст, тағйир нахоҳад дод.

Ваксинаи AstraZeneca, ки дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Оксфорд тавлид шуд, яке аз аввалин ваксинаҳо ба зидди коронавирус буд. Бино бар арзон будан ва шароити нигаҳдории оддӣ, ба суръат ба яке аз пурмасрафтарин доруҳои зидди КОВИД-19 табдил ёфт.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар рӯзҳои охир эълом кардааст, ки ҳеч нишоне аз таъсири номатлуби ин дору ба бадан, аз ҷумла лахта шудани хун вуҷуд надорад. Таҳти таъсири пайдо шудани ин нишонаҳо, ки ҳанӯз иртиботи он бо ваксинаи AstraZeneca сад дар сад тасдиқ нашудааст, раванди ваксиназанӣ дар Аврупо кундтар шудааст.

Ширкати дорусозии AstraZeneca ахиран эълом кард, ки дар баррасиҳои ин ширкат аз вазъияти саломатии беш аз 17 миллион нафар, ки дар Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё ин ваксинаро гузаронидаанд, ҳеч нишонае аз лахта шудани хун дида нашудааст

Созмони дорусозии Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, то як ҳафта пеш ва пас аз гузаронидани ваксинаи AstraZeneca ба беш аз панҷ миллион нафар дар кишварҳои узви ин Иттиҳод, фақат дар 30 ҳолат лахташавии хун гузориш шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"AstraZeneca" ба Тоҷикистон расид, аввал киро эм мекунанд? ВИДЕОДар Тоҷикистон аз мардум мепурсанд, ки мехоҳанд, ваксина бигиранд, ё не? ВИДЕОТоҷикистон барои ваксиназанӣ аз Бонки Ҷаҳонӣ $21 млн қарзи бебозгашт хостаастАбдуллозода: Тоҷикистон барои харидани ваксина бо Русия музокирот дорад. ВИДЕО