Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, Душанбе барои харидани ваксинаи "Sputnik V" бо мақомоти Русия музокирот дорад. Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 12-уми феврал гуфт, Тоҷикистон 20 дарсад ваксинаи заруриро дар доираи барномаи COVAX-и Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бепул дастрас мекунад, вале боқимондаро бояд бихарад. Ӯ афзуд, тавассути барномаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ваксинаи AstraZeneca мегиранд. Қаблан СҶТ хабар дод, ки ба Тоҷикистон, ҳамчун узви барномаи COVAX, дар навбати аввал беш аз 730 ҳазор ваксина фиристода мешавад. Вазири тандурустӣ гуфт, интизор меравад, қисми аввали ваксинаҳо охири моҳи феврал ва аввали моҳи марти имсол ба кишвар ворид карда шавад.