Forum 18: "Ҳакимов аломатҳои коронавирус дорад". Масъулони зиндон: "Зукоми одӣ аст"

Шамил Ҳакимов дар мурофиаи додгоҳӣ. Шаҳри Хуҷанд, моҳи сентябри 2019

Як созмони ҳомии ҳуқуқи мазҳабӣ мегӯяд, мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон яке аз пайравони бемори “Шоҳидони Яҳво”-ро батакрор аз муолиҷаи муносиб маҳрум кардаанд, ки мухолиф ба меъёрҳои байналмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи инсон аст.

“Форум 18”, ки дар Норвегия қароргоҳ дорад, гуфтааст, тақозоҳои Шамил Ҳакимови 70-сола барои муолиҷаи муносиб рад шудааст, ҳарчанд ӯ аломатҳои бемории коронавирус дорад ва пойи бемораш “мисли гӯшти гандида бӯй мекунад”.

Мақомот ин иддаоҳоро рад карда, гуфтаанд, вазъи сиҳатии Шамил Ҳакимов ҷойи нигаронӣ надорад.

“Форум 18” ҳафтае пеш бо нашри як баёнияи расмӣ навиштааст: “Мақомоти зиндони шаҳри Хуҷанд ба Шамил Ҳакимови 70-сола ва зиндонии ақидатӣ, ки бемории ҷиддӣ дорад, иҷоза надодаанд, дар берун аз зиндон муолиҷаи махсус бигирад. Барои ӯ шароити муносиби табобатро фароҳам наовардаанд.”

Дар баёния омадааст, бар асоси як қоидаи байналмилалӣ, ки “Қоидаи Мандела” меноманд, бояд сарнавишти зиндонии сахт бемор дар дасти табибон бошад, ки ҷойи муолиҷаи ӯро муқаррар мекунанд ва як роҳаш табобат дар берун аз зиндон ва дар шифохонаи муносиб аст.

Ба навиштаи “Форум 18” мақомоти зиндони Хуҷанд ба ин созмон гуфтаанд, “намедонанд, Қоидаи Мандела чист” ва афзудаанд, “Шамил Ҳакимов зукоми одӣ дошт, ки сиҳат шуд ва бақияи гапҳо дар бораи бемори ҷиддӣ будани ӯ дурӯғ аст”.

Шамил Ҳакимов

Шамил Ҳакимовро додгоҳи шаҳри Хуҷанд моҳи сентябри соли 2019 бо гуноҳи “барангехтани кинаву адовати диниву мазҳабӣ” ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Як далели муфаттишон ин будааст, ки ӯ тарҷумаи тоҷикии Инҷилро бо худ доштааст.

Хешовандонаш ба “Форум 18” гуфтаанд, Шамил Ҳакимов, ки бемор буд, қабл аз боздошт пояшро ҷарроҳӣ кард ва аз фишори баланди хун ранҷ мекашад. Баъди ба зиндон андохтанаш, ба гуфтаи хешовандон, вазъи сиҳатиаш бисёр бад шудааст ва мояи нигаронии ҷиддист.

Ӯро моҳи январи соли 2021 аз шифохонаи зиндон ба утоқи оддӣ бозпас фиристодаанд ва ба навиштаи “Форум 18”, зиндониёни ҳамутоқаш ӯро барои “бӯйи бади пой”, ки “мисли бӯйи гӯшти гандида аст”, дашном додаанд.

“Шоҳидони Яҳво” созмони масеҳиест, ки пайравонаш китоби Инҷилро бар асоси тарҷумаи худашон таълим медиҳанд. Эътиқоди онҳо аз ҷараёнҳои дигари насронӣ фарқ дорад. Фонӣ будани ҷаҳон яке аз асосҳои мазҳаби “Шоҳидони Яҳво” мебошад.

Давлати Тоҷикистон соли 2007 бо дархости Кумитаи амнияти миллӣ, фаъолияти ин созмонро манъ кард. Кумитаи амният созмонро ба риоят накардани чанде аз қонунҳои кишвар, аз ҷумла аз хидмати сарбозӣ боздоштани ҷавонон муттаҳам мекард, вале масъулони созмон мегуфтанд, ба ҳеч кори хато ё қонуншикание роҳ надодаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Пайрави зиндонии "Шоҳидони Яҳво" дар Тоҷикистон таҳти ҳимояти USCIRF қарор гирифт Дар Тоҷикистон як узви "Шоҳидони Яҳво" афв шуд, дигаре зиндонӣОзодиҳои динӣ. Амрико танқид кард, Тоҷикистон розӣ нест. Роҳи ҳал кадом аст?Додгоҳ "кина ба Наврӯз" ва зикри "салтанати Худо"-ро баррасӣ кард