Идораи танзимкунандаи кори матбуоти Венгрия рӯзи 11-уми март дархости азсаргирии пахши барномаҳои радиои мустақилеро рад кард. Пажӯҳишгоҳи байналмилалии матбуот ин кори мақомоти Венгрияро “таҳқири дигари” озодии матбуот дар қаламрави як кишвари узви Иттиҳоди Аврупо номид. Мақомоти идораи матбуот ва мухобироти иттилоотии миллии Венгрия моҳи феврал тасмим гирифтанд, ки муҷаввизи кори “Клубрадио”-ро тамдид накунанд, додгоҳ ҳам ин қарорро дастгирӣ кард ва аз он замон то ҳол барномаҳои ин шабака танҳо тавассути интернет пахш мешаванд. Ин радио бо барномаҳои интиқодиаш дар нисбати ҳукумати нахуствазир Виктор Орбан маъруф аст. “Клубрадио” ин қарорро ғариқонунӣ номид ва гуфт, ки барномаҳояшро дар интернет пахш кардан мегирад. Мунаққидон мегӯянд, ки дар ҳайати Идораи матбуот ва мухобироти иттилоотии миллии Венгрия тарафдорони Орбан кор мекунанд. Ҳукумат дахолаташ ба умури матбуотро рад мекунад. Скотт Гриффен, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи байналмилалии матбуот, ки дар Австрия воқеъ аст, дар изҳороте гуфт, ки тасмими худсаронаи танзимгари матбуотӣ “баёнгари вусъати ҳукумати Венгрия барои масдуд кардани роҳи бозгашти “Клубрадио” ба мавҷҳои радиоӣ то интихоботи баъдии парлумонӣ” мебошад.