Як сол пеш, 11-уми марти соли 2020, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ эълон кард, ки сирояти коронавируси нав ба пандемия табдил ёфтааст, яъне миқёси ҷаҳонӣ гирифтааст. Тахминан се моҳ пеш аз он аҳли олам аз аввалин ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус дар Чин огаҳ шуда буд.
Бар пояи иттилои Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико, дар давоми як соли гузашта коронавирус ба беш аз 118 миллион кас сироят карда, боис ба марги 2 миллиону 600 ҳазор нафар шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар оғоз мавҷудияти коронавирусро дар дар кишвар эътироф намекарданд. Вазорати тандурустӣ танҳо 30-юми апрели соли 2020 ва дар остонаи сафари мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гирифтории сокинонро ба коронавирус тасдиқ кард.
Ба гуфтаи масъулони вазорат, дар умум, то 11-уми марти имсол дар кишвар 13 ҳазору 308 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шуда, 90 нафар ҷон бохтаанд.
Коршинсон ба омори расмии гирифторӣ ва маргумир аз COVID-19 бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, эҳтимол шумораи қурбониён ва гирифторони ин беморӣ ба маротиб бештар аст.