Дар Либия ду ҷониби асосии ҷанги шаҳрвандӣ ҳайати ҳукумати навро тасдиқ карданд. Порлумони он кишвар ҳукумати навро қабул кард.
Шаҳрҳои Триполӣ ва Бенгазӣ давоми ҳафт сол пойтахти ду тарафи ҷанг буданд.
Гуфта мешавад, ҳукумати нав то моҳи декабри соли ҷорӣ кишварро идора мекунад ва он замон интихоботи нав баргузор мешавад.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Либия баъди барҳам задани ҳукумати Муаммар Қаззофӣ дар соли 2011 шуруъ шуд.
Ташкили ҳукумати нав қисме аз нақшаҳои СММ барои манъи ҷанг дар Либия аст. Дар ҳукумати нав 33 вазир, ду ноиб-сарвазир ва сарвазир Абдул Ҳамид Муҳаммад Дбейба шомил шудаанд.