Бемории коронавирус ба таври чашмрас суръати рушди равобити Тоҷикистону Русияро коҳиш дод. Аз як сӯ пули фиристодаи муҳоҷирон кам шуд ва аз тарафи дигар Душанбе борҳост, ки барои азсаргирии парвозҳои мунтазам бо Русия омодагияшро баён медорад, вале Маскав барои қонеъ кардани он саросема нест.
Баъд аз як соли "танаффус", парвозҳои мунтазами ҳавопайморо аз Тоҷикистон ба Қазоқистону Афғонистон (Душанбе-Алмато-Душанбе ва Душанбе-Кобул-Душанбе) аз сар гирифтанд. Пештар парвозҳои мустақим бо Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Узбекистон низ барқарор шуда буд.
Дар Русия корзори фаъоли ваксинзанӣ ба зидди COVID-19 дар ҷараён аст. Каме фурсати дигар зарур аст, то натиҷа бидиҳад. Пас аз он мақомот дигар ҳарос нахоҳанд дошт.Андрей Серенко
Вале, бино ба иқрори Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон, 70 дарсади парвозҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия рост меоянд. Кишваре, ки то кунун муҳоҷирони тоҷик ҳақ надоранд, бар асари маҳдудиятҳои замони коронавирус ба он ҷо сафар кунанд.
Набудани имкони сафар ба Русия ба иқтисоди кишвар ва қобилияти харидории мардум таъсири худро расондааст, чун қисми зиёди аҳолӣ аз пули муҳоҷирон вобастаанд.
Ҳудуди як моҳ пеш дар ҷаласаи байниҳукуматии комиссияи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия дар Маскав гуфта шуд, мутахассисони рус ба Тоҷикистон барои омӯзиши вазъи беҳдоштӣ меоянд. Вале таърихи дақиқи сафари онҳо гуфта нашуд.
Душанбе нигарон асту Маскав ваъда медиҳад
Бино бар натиҷаҳои ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии 8-9-уми феврали имсол, ҷониби Тоҷикистон таъкид кард, “маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ шуданд. Ба ҷониби Русия пешниҳод дода шуд, масъалаи ҳар чи зуд аз сар гирифтани парвози ҳавопаймоҳоро миёни ду кишвар баррасӣ кунад”.
Дар сомонаи ҳукумати Русия гуфта мешавад, “ҷонибҳо дар мавриди аз Тоҷикистон боздид кардани мутахассисони “Роспотребнадзор” тавофуқ карданд ва рӯйи муҳиммияти рушди ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират таъкид карданд”. Дар мавриди боз шудани марзҳо дар рӯзҳои наздик дар хабарномаи ҳукумати Русия чизе гуфта нашуда буд.
Ҳадсу гумонҳо
Набудани тасмими мусбат дар мавриди боз шудани марзҳо боис ба ҳар гуна ҳадсу гумонҳо шудааст. Баъзе аз нозирони умур мегӯянд, Маскав бо ин роҳ абзорё дастгоҳи дигари фишоре болои Душанбе барои ворид шудан ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) ба даст овард.
Вале ин гумонҳоро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, дар нишасти матбуотии рӯзи 15-уми феврал рад кард. Ба гуфтаи ӯ, Русия ҳеч шарте пеши рӯйи Тоҷикистон, аз ҷумла вуруд ба ЕАЭС-ро нагузоштааст. Вазир гуфт, Тоҷикистон то кунун ин мавзуъро меомӯзад ва мавқеи давлат дар ин маврид тағйир накардааст.
Зимнан, Русия аз моҳи сентябри соли 2020 тамосҳои ҳавоии худро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, ки Қирғизистону Қазоқистон, Беларус ва Арманистон шомили он ҳастанд, барқарор намуд.
Шаҳрвандони Қирғизистон имкон доранд, дар як ҳафта аз ду парвози мавҷуд барои рафтан ба Русия истифода кунанд. Дар зимн, миёни Душанбе ва Маскав ҳатто шабакаҳои дипломатӣ на ҳамеша бозу равшан кор мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон бештар аз як моҳ аст, бидуни муваффақият талош мекунанд, шаҳрванди худ Фурқат Абдуфаттоевро аз ҳабс дар Бошқирдистон бираҳонанд, ки дар онҷо бо дархости Қирғизистон ва бо иттиҳоми иштирок дар бетартибиҳои марзӣ, боздошт шудааст. Ҳарчанд наздиконаш мегӯянд, иттиҳомот алайҳи ӯ беасосанд.
Аз Тоҷикистон, тибқи иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷират дар соли 2020 тақрибан 130 ҳазор кас ба муҳоҷират рафтаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соле аз он пеш 76% камтар аст.
Мувофиқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, мизони пулҳои фиристодаи шахсони воқеӣ аз хориҷа ба кишвар дар соли 2020 6,3% кам шудааст. Ба маълумоти Бонки Марказии Русия, маблағҳои интиқолӣ ба Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2020 дар ҳудуди 1 миллиарду 224 миллион доллар будааст, ки тақрибан 37% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 аст. Дар сурати давом кардани маҳдудиятҳои сафар ба Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон эҳтимол интиқоли маблағҳо камтар мешавад.
Сиёсатшиноси мустақил, Парвиз Муллоҷонов, бар ин аст, ки дар ҳоли ҳозир шояд дар бозорҳои Русия талабот ба муҳоҷирон метавонад кам ва маҳдуд бо бахши сохтмон бошад. “Барои ин, шояд боз будани марзҳо бо кишварҳои узви ЕАЭС кофӣ бошад. Аз Тоҷикистон ва Узбекистон дар ин вазъ шояд коргаронро бар асоси шартномаҳои хос ҷалб кунанд”, -- афзуд ӯ.
Ба қавли коршинос, агар муҳоҷирон пули кам фиристанд, пас, ҳукумати Тоҷикистонро зарур мешавад, қарзи бештаре аз Чин бигирад, "зеро роҳи дигар вуҷуд надорад".
Фишор ё эҳтиёт?
Корманди Пажӯҳишгоҳи миллии тадқиқоти иқтисоди ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Академияи илмҳои Русия, Станислав Притчин, мегӯяд, Маскав дар қадами аввал талош мекунад, аҳолии худро аз мавҷҳои нави паҳншавии коронавирус ҳимоя кунад ва ниёзе ба ҷустани ангезаҳои сиёсӣ дар ин иқдомот нест.
“Агар вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва мақоми онҳоро дар Русия ҳамчун абзори эҳтимолии фишор болои Тоҷикистон барои вуруд ба ЕАЭС бингарем, пас, василаи муассиртаре ҳам вуҷуд дорад. Барои мисол, сахттар кардани сабти ном ва ё чизи дигар. Чораҳое, ки дар ҳақиқат таъсиргузор мешаванд ва ба қисми бештари муҳоҷирон бастагӣ доранд”, -- таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи Притчин, ангезаи асосии фиристодани духтурон ба Тоҷикистон марбут ба он аст, ки дар мавриди вазъи эпидемологи иттилои дақиқу беғаразона ба даст оварда шавад.
Маскав фишорҳояшро болои Душанбе дар соли 2011, баъди ҳукми халабони рус, ки дар убури ғайриқонунии марзи давлатӣ муттаҳам мешуд, хеле ба намоиш гузошт. Пас аз содир кардани ҳукм, равобити Тоҷикистону Русия бисёр ба сардӣ гароид. Хадамоти федеролии муҳоҷират дар як муддати кӯтоҳ дар қаламрави ин кишвар ҳазорҳо муҳоҷири тоҷикро бо гуноҳи ғайриқонунӣ будан ошкор кард ва ба ихроҷ кардани онҳо омодагӣ гирифт.
Сардухтури беҳдоштии ин кишвар изҳор кард, ки муҳоҷирони меҳнатӣ манбаи асосии СПИД ва сил ҳастанд. “Росселхознадзор” дар мавриди тасмими маҳдуд кардани воридоти ҳама гуна маҳсулоти гиёҳӣ аз Тоҷикистон бино бар нақзи муқаррароти талаботи фитосанитарӣ эълом кард.
Омори норӯшан
Дар ҳоли ҳозир ин гуна мухолифат дар равобити Душанбеву Маскав ба назар намерасад, бо ин ҳол, коршиносон тахмин мезананд, ки Русия ба омори расмии Тоҷикистон дар бораи коронавирус чандон эътимод надорад.
Душанбеи расмӣ вуҷуди COVID-19-ро дар кишвар ҳамагӣ 30-юми апрели соли 2020, як рӯз пеш аз омадани маъмурияти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, эътироф кард. Як моҳ қабл аз ин расонаҳо дар мавриди марг бо нишонаҳои COVID-19 хабар дода буданд, аммо ҳукумат расман инро рад кард.
Бино ба иттилои расмӣ, аз оғози ҳамагирӣ то кунун ҳамагӣ 90 нафар ҷон бохтаанд. Вале дар манобеи ғайрирасмӣ шумораи воқеии ҷонбохтагон аз коронавирус ва илтиҳоби ба маротиб бештар аст.
Сиёсатшиноси рус Андрей Серенко, мегӯяд, иқтисоди Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад, вале мақомот вурудро танҳо ба хотири харобии камтар маҳдуд кардаанд. “Дар Русия ҳоло корзори фаъоли ваксинзанӣ ба зидди COVID-19 дар ҷараён аст ва каме фурсати дигар зарур аст, то ин корзор натиҷа бидиҳад. Пас аз он мақомот аз мавҷҳои эпидемологии мисли соли гузашта дигар ҳарос нахоҳанд дошт”, -- шарҳ дод ӯ.
Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Миёни кишварҳо шартномаи шарикии стратегӣ вуҷуд дорад. Бино ба натиҷаҳои моҳи январ – октябри соли 2020, гардиши молу коло миёни ин ду кишвар 800 миллион долларро дар бар гирифт, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019-ум 6 дарсад камтар аст.
Дар қаламрави Тоҷикистон калонтарин пойгоҳи низомии берун аз қаламрави Русия – Пойгоҳи 201 вуҷуд дорад, ки шумораи хидматчиёни он бештар аз 7,5 ҳазор нафар аст.